20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд

776
Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд
Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳизбии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сохтмончӣ” баргузор гашт, ки дар он муовинони раиси Кумита, Гулаҳмадзода Зулфиқор раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар ҳайати меҳмонону ҳизбиёни зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ иштирок доштанд. Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд
Гулаҳмадзода Зулфиқор зимни баромади худ қайд намуд, ки рӯз то рӯз барнома ва сиёсати ҲХДТ мукаммал гардида, дар фазои сиёсии Тоҷикистон мавқеи хосро пайдо кардааст. Аз ин рӯ мебояд то ҳар аъзои ин ҳизб масъулияти баланди сиёсӣ дошта бошад, зеро сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳамин ҳизб пеш бурда мешавад. Дар идома гуфта шуд, ки ҳамарӯза мо шоҳиди ба истифода додани иншооти гуногун мегардем, ки дар ин самт саҳми сохтмончиён назаррас аст, зеро бунёдкориву ободонии кишвар шиори ҳамешавгии онҳост.Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд
Мирзозода Низом муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ зикр намуд, ки барои садоқат ба халқу Ватан, пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 40 нафар аз ҷавонони фаъоли Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ихтиёран аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сохтмончӣ” шуданд. Мирзозода Н. ҳамчунин аз аъзоёни тозаинтихоби ҳизб даъват намуд, ки бо дарку масъулияти баланд аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизб минбаъд ҳам фаъолияти пурсамар намоянд. Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд
Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд
–“ Мо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сохтмончӣ” бовар мекунонем, ки амру фармонҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал сармашқи кори худ намуда, баҳри татбиқи онҳо мубориза мебарем”, – таъкид намуд Мирзозода Низом

Аъзоёни “Сохтмончӣ” минбаъд ҳам фаолияти пурсамар мебаранд
Ҳамин тавр, бо қарори муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Абдуалимзода Абдукарим ба сафи 140 нафараи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сохтмончӣ” боз 40 нафари дигар ҳамроҳ гардид ва роҳбарии ин ташкилот ба зиммаи Сафарзода Абубакр- директори Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” гузошта шуд.

Неъмат Раҳмат,
мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво