19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ВМКБ: дар нуқтаи баландтарини Осиёи Марказӣ дидбонгоҳи нави марзӣ ифтитоҳ гардид

618
Сарҳадбонони дидбонгоҳи Харгушӣ, ки дар мавзеи дурдасти ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст, соҳиби бинои замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири хизмати низомӣ гардиданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ бо ҳузури Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров дидбонгоҳи мазкур расман ба фаъолият оғоз кард.

Мавзеи Харгушӣ яке аз нуқтаҳои дурдаст ва баландтарини на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Он дар баландии наздик ба 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва касе агар бори аввал ба ин ҷо қадам ниҳад, ба душворӣ нафас мекашад. Интиқол додани маҳсулоти сохтмонию ғизоворӣ ба ин мавзеъ душвор аст, аммо сарфи назар аз ин дидбонгоҳи мазкур дар муҳлати муаяншуда ва мутобиқ ба ҳама гуна талаботи шароити хизмат бунёд гардид.

Котиби Шӯрои амнияти мамлакат Абдураҳим Қаҳҳоров дидбонгоҳи Харгӯширо ифтитоҳ карда, аз хобгоҳ, ошхона, хонаи афсарон, маркази гармидиҳӣ ва маҷлисгоҳ дидан намуд.

Воқеан ҷои хоби сарбозон тозаву озода буда, ҷиҳози хоб минбаъд баъди муддати муайян иваз карда мешавад. Хобгоҳи марзбонон бо ду усул гарм карда мешавад-ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам ангиштсанг.

Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба масъулини дидбонгоҳи мазкур дастур дод, ки ба масъалаи дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани маркази гармидиҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Зеро ин мавзеъи баландкӯҳ зимистони тӯлонӣ дорад ва баъзан сардии ҳаво аз 45 дараҷа низ убур мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво