29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хонандагони деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз дар остонаи ҷашни Истиқлолият соҳиби бинои нави таълимӣ гардиданд

539
Хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ноҳияи Дарвоз, ки чанд соли охир дар бинои садамавӣ мехонданд, акнун таҳсилро дар бинои хуштарҳу зебо ва замонавӣ идома медиҳанд.
Ба гуфтаи директори мактаби мазкур Муҳаммадӣ Зарипов, «бинои кӯҳнаро беш аз 40 сол пеш бо усули ҳашар сохта буданд. Солҳои охир дару девор ва бому шифти он комилан хароб гардида буд. Дар ин бино шароит барои гузаронидани дарсҳои асосӣ ва иловагӣ мавҷуд набуд. Бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мо соҳиби бинои нав гардидем».

Хишти аввали бинои мазкур моҳи апрели соли равон гузошта шуда буд. Барои бунёди он Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ноқилсохтмон» дар муддати бештар аз панҷ моҳ сохтмони биноро бо сифати хуб ба анҷом расониданд. Бинои нав барои таҳсили 120 хонанда пешбинӣ шуда, синфхонаҳо бо асбобу ашёи зарурии таълимӣ, аз ҷумла 25 компютер таъмин карда шуданд.

Ҳамаи синфхонаҳо дар фасли зимистон бо низоми нави гармидиҳӣ тавассути неруи барқ гарм карда мешаванд. Дар сурати қатъ гардидани неруи барқ ба синфхонаҳо гармӣ тавассути ангиштсанг интиқол дода мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво