25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе боздид намуд

589
Дирӯз дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои омодагии иншооти барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе шинос шуд.

Нахуст Сарвазири мамлакат бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии дастгоҳу иншооти ин Марказ шинос шуд.

Имрӯзҳо дар ин иншоот бо ҷалби мутахассисон барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 корҳои таъмиру барқарорсозӣ бо маром идома доранд.

Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, барқарорсозии дастгоҳу таҷҳизоти азкормонда ҳарчи зудтар тадбир андешанд.

Зеро дар фасли сармо бо гармӣ ва неруи барқ таъмин намудани сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус аҳолии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи ин таваҷҷуҳ корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон низ бояд ҳамаҷониба ва сари вақт анҷом дода шаванд.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо корҳои омодагӣ дар Дегхонаи ғарбӣ, шоҳқубурҳои магистралӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 низ шинос шуд.

Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки натиҷаи тадбирандешиҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар мамлакат пурра бардошта шуда, сокинони ҷумҳурӣ дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин гаштанд.

Сипас дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 ҷаласаи ситоди сайёри корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои асосии омодагиҳои ҳамаҷониба ба давраи тарамоҳу зимистони дарпешистода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъулин барои иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бе мушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 вазифадор гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво