18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 оғози расмӣ бахшид

683
Имрӯз, 28 август дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019 ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 6 000 метри мураббаъ доман паҳн намуда, аз бинои зебову хуштарҳи чорошёна иборат хоҳад буд.

Тибқи иттилои масъулин, бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсусгардонидашуда барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъалаи тарҳу намуди лоиҳа таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ ва стандартҳои муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯ будани намуди берунаи бино ба лоиҳакашон ва масъулини дахлдори шаҳр маслиҳатҳои муфид дод.

Бинои наву замонавии МТМУ №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулини дахлдори пойтахт ҷиҳати сари вақт ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла таъкид намуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019-2020 сохта шавад, то хонандагони ин даргоҳи илму маърифат таҳсили худро дар шароити муосиру замонавӣ идома диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр муваззаф гардиданд, ки сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашавандаро ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба истифода супурдани бинои нави таълимӣ барои 1720 хонанда дар ду баст шароити муосири таълиму таҳсил фароҳам оварда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво