19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифротгароӣ - амали номатлуб

844
Ифротгароӣ - амали номатлубДар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳим мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ мавқеи муҳим доштанд. Раҳбари давлати мо ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамеша аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз паёмадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи якҷоя ба муқобили ин раванди номатлуб даъват менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид дар баробари дигар давлату миллатҳо дар саҳнаи сиёсати ҷаҳон мақому манзалати хешро дорад. Тоҷикистон ҳамчун давлати таҳаммулгаро ба он хатоиҳое, ки аз тарафи чандин зимомдорону ҳаракатҳои носолим, ки ҳадафашон аз байн бурдани давлат буд, гузаштҳо намуда, ҳамчун давлати демократӣ ба имону адолати онҳо боварӣ дошт. Ин гуна шахсони алоҳида ва бадхоҳони ношукри ин марзу бум дар тӯли фаъолияташон гарчӣ кӯшишҳои зиёде намуданд, ки мақсади нопоки худро амалӣ гардонанд, вале ҳушёрии ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти экстремистии онҳоро ҷилавгирӣ намуд.
24 августи соли 2018 дар толори маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом баргузор гардид. Раисикунандаи ҷаласа Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода А. дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки мо имрӯз бо мақсади тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо иштироки васеи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷамъ омадаем.
Қобили қайд аст, ки дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, риоя ва иҷрои фарҳанги либоспушӣ дар байни ҷавонону занон таъсис дода шудааст, ки дар ин самт фаъолият бурда истодааст.
Абдуалимзода А. каме доир ба ташкилоти экстремисти-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки мақсади асосии ин ташкилот фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум, гумроҳ намудани ҷавонон ва ғайра мебошад, гуфта гузашт.
Сипас, навореро ба иштирокдорони ҷаласа намоиш доданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз номи ҳар дину мазҳаб ва ҳар қавму миллат сӯиистифода намоянд. Аммо дар асл, ягон дину оин ва қавму миллат дар он ақида нест, ки мардуми осоиштаро ҳангоми анҷоми маросими ибодатӣ дар ибодатхонаҳо ҳадаф қарор диҳанд ё марказҳои оммавиро ба коми оташ кашанд. Дар баробари ин, ҳеҷ як қонунҳои диниву дунявӣ чунин ваҳшониятро дар худ инъикос накарда, баръакс, онро маҳкум менамоянд.
Баъд аз тамошои навор муовини директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Сохтмон ва меъморӣ» Ҷумъа Зокир, мутахассиси ҷавони Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии Кумита Маҳмадиев Эмомалӣ баромад намуда, андешаҳои худро изҳор намуданд.
Дар фарҷоми нишаст Абдуалимзода А. Ба нишастагон муроҷат карда гуфт,ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар як фарди ҷомеа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ба хотири беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии худ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон софдилона заҳмат кашида, дар таъмини ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фаъолона иштирок намояд ва дар ин амри хайр саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Самараи талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо фазои сулҳу субот ва якдиливу якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мебошад.
Дар ин фурсати муносиб истифода бурда, аз ҳамаи ҷавонони дар ин ҷо нишаста бори дигар даъват менамоям, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз гароиш ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ худдорӣ намоянд.

мухбири «РБ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво