Ҳунари сохтмончӣ афзунгари зебоист!

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 таҳти рақами 554 таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии он мусоидат намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нархгузории сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкамсозии системаи нархгузории соҳаи сохтмон, таҳияи меъёрҳои хароҷот ва нархҳои ягонаи шаклҳои нави сохтмон, корҳои - таъмирӣ сохтмонӣ, таҷдид, васлгарӣ ва танзиму бакорандозии ҷавобгуйи муносибатҳои бозоргонӣ, ташкили системаи меъёрҳои хароҷотӣ барои муаянсозии арзиши сохтмон ва таъмири асосӣ, мониторинг ва таҳлили нарх барои захираҳои сохтмонӣ, ва ғайраҳо мебошад.

Қайд кардан бамаврид мебошад, ки ҷашни касбӣ – «Рӯзи кормандони сохтмон» -ро низ Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» бо пешравиҳои соҳа ва нақшаҳои дурнамо пешвоз мегиранд.

Корхона фаъолияташро ба самтҳои гуногуни соҳавӣ ба роҳ монда, бо мақсади мукаммал гардонидани системаи нархгузории соҳаи сохтмон бо ташкилоти МГК «Гранд» - и Федератсияи Россия ҳамкориҳои судманд дорад. Бо иштироки намояндаи ташкилоти мазкур семинар машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҳияи харҷномаҳо бо истифодаи барномаи автоматикунони-дашудаи Гранд-Смета» гузаронида шуда, пас аз омӯзиш ба иштирокчиёни семинар машаварат, ки намояндагони ташкилотҳои лоиҳакашӣ, фармоишгарон, пудратчиён ва дигар субъектҳои хоҷагидории сохтмонии ҷумҳуриявӣ мебошанд, шаҳодатномаҳои тахассусӣ супорида шуданд.

Кормандони Корхона бо мақсади дар оянда беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, раванди нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ чораҳои заруриро меандешанд, ки иҷроиши онҳо мутобиқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Умуман,мувофиқ ба нишондодҳои корхона дар самтҳои асосии фаъолият пешравиҳо ба назар мерасад, ки ин ҳама заҳмати роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кормандони корхона мебошад.

Ҳамкасбони гиромӣ, сохтмончиёни муҳтарам ва собиқадорони соҳа!

Бо иҷозати Шумо, аз номи коллективи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» фарорасии Иди касбии «Рӯзи кормандони сохтмон»-ро табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама сиҳатии комил, хотири ҷамъ, умри дарози бобаракат, иқболи баланд, хонаи обод, бахту саодат ва сулҳу амониро дар хонадони ҳар яки Шумо орзу менамоем.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво