20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФАЗИЛАТҲОИ ҚУРБОНӢ КАРДАН. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода шарҳ медиҳад

1286
Пагоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дар дигар мамолики мусалмоннишин иди саиди Қурбон таҷлил мегардад. Дар Паёми телевизионии худ ба мардуми кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуданд: «Итминон дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд».

Ҷаноби Олӣ дар баробари ин таъкид намуданд: « Фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст». АМИТ «Ховар» аз директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА хоҳиш намуд, ки ин нуктаро шарҳ бидиҳад. Номбурда чунин ибрози назар намуд:

Яке аз чорабиниҳои муҳими соли равон мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон буд. Ҳангоми ин суханронӣ барҳақ таъкид гардид, ки «муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад». Дар партави чунин баҳогузорӣ рукни ҳаҷ дар ислом, риояи писандидаи маносики он, густурдани дастархони идона ва қурбонӣ кардани тавонмандон аз ҷумлаи ҳамин гуна арзишҳои эътиқодиест, ки баробари мусулмон шудани тоҷикон дар матни фарҳанги миллии мо ҷойгоҳе устувор ҳамвор кардааст.

Қурбонӣ кардан пешинаи дурударозе дар гузаштаи ҳаёти инсоният дорад. Бар асоси омӯзиши муқоисавии динҳо яке аз нахустин талошҳое, ки инсон дар кори наздикӣ ҷустан ба худоён ба ҳукми оин даровардааст, қурбонӣ кардан мебошад. Чунин рафторро пеша кардан реша дар умқи бовару эътиқод ва динҳои гуногун давонидааст. Андешаи ҷомеъ он аст, ки ин корро нахуст Ҳобил ва Қобил ба иҷро расонидаанд. Аммо худи вожаи «қурбон» калимаи арабӣ буда, дар асоси шакли масдарии «фуълон» сохта мешавад. Як теъдод калимаҳо бо ҳамин шакл дар забони тоҷикӣ, ба мисли ҷуброн, ғуфрон, султон, буҳрон, фурқон, Қуръон, буҳтон дар истеъмол аст.

Маънои аслии луғавии калимаи «қурбон» наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти хушнудии Ўст. Ин оин шаклу гунаҳои мухталиф дар тамоми динҳо доштааст, вале барои мусулмонон қурбонӣ кардан аз ҳамон суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Некӯ анҷом додани ин амал як ёдоварии хотирмон ва омӯзандаи башарият тибқи фармудаи «фӣ сабили-л-Лоҳ» (дар роҳи (хушнудии) Худо) бар ивази писарро забҳ кардани падар ба расмият даромадаст. Онро бо номҳои иди Қурбон, иди Азҳо ва гӯспандкушон ном мебаранд, ки ба рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ рост меояд ва ҳоҷиён ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар наздикии мавзеи Минои Макка асосан гӯсфанд (инчунин буз, гов ва шутур) қурбонӣ мекунанд. Вале бо мурури замон ин ибодати дерина аз маъно ва мафҳуми воқеии худ фарсахҳо дур афтодааст. Дар даврони мо бештар одоби зоҳирии он боқӣ мондаасту ҳикмати ахлоқӣ ва инсонмеҳварии он то андозае коҳиш ёфтааст.

Мантиқан андаруни оини қурбонӣ ҳаҷ кардан ҳамчун як маросими ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ, воситаи барқарор намудани робитаҳои дӯстона, ваҳдати миллатҳои гуногун ва баробарии ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз ранги пӯсту нажод, мақому мартаба ва имкониятҳои молиявӣ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нақши басо созанда ва тарбиявӣ касб намудааст.

Ҷавҳари асосии ҳикмати иди Қурбон тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ӯ мебошад. Иди Қурбон аз замони Иброҳим Халил ҳамчун яке аз воҷиботи эътиқодии мӯъминон аз аркон ва одоби махсусе иборат мебошад. Дар оятҳои 102-107-уми сураи Соффот мазмуни қиссаи ибратомӯзе зикр шудааст, ки чун Иброҳим ба назди Исмоили хурдсол омад ва ба ӯ меҳри беандоза пайдо намуд, Худованд барои озмоиш дар хоб ба ӯ дастур дод то писараш – Исмоилро дар роҳи Худо қурбон кунад. Ин хоб ду-се шаб пайиҳам такрор мешуд. Иброҳим дарёфт, ки рӯъят хоби раҳмонӣ буда, иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Пас фарзанди хурдсоли худро ҳамроҳ гирифта, ҷониби саҳро равон гардид. Ниҳоят, ҳарду ба мавзеи муносибе расиданду Иброҳим ба писараш Исмоил амри Худовандро расонид. Исмоил ҳарчанд ҳоло ҷавон буд, аммо ба амри Худованд розӣ шуд ва ба падараш гуфт: «Эй падарҷон, он чиро, ки Худованд амр кардааст, иҷро кун! Ба зудӣ маро сабркунанда меёбӣ». Он гоҳ Иброҳим хост кордро бар гулӯи Исмоил биронад, нидое шунид: «Эй Иброҳим! Бешак барои иҷрои фармони Худованд азми қатъӣ кардӣ, албатта, мо бандагони некӯкорро (дар шакли наҷоти Исмоил аз забҳ) чунин подош медиҳем. Ба таҳқиқ, ин як имтиҳон ва санҷиши бузурге буд. Ва Исмоилро ба ивази кабше – гӯсфанди сафеди калоне (ки онро Ҷабраил (а) аз биҳишт овард) наҷот додем». Аммо воҷиб гардонидани қурбонӣ кардан дар асоси мазмуни сураи Кавсар собит шудааст: «Ба дурустӣ, ки мо ба ту Кавсарро ато кардем. Пас барои Худо намоз гузор ва қурбонӣ кун». Масъалаи дар рӯъят, яъне хоби раҳмонӣ дастур гирифтани Иброҳим (с) барои қурбон кардани Исмоил дар роҳи Худо ҳамчун имтиҳон ва озмоиши бузург арзиши баланди умумибашарӣ дорад. Зеро ташаккули ҷомеаҳои инсонӣ ончунон сурат гирифт, ки баъд аз гузашти муддате қурбонӣ кардан дар миёни одамон амри воқеӣ гардид ва дигар қурбонӣ кардани гову гӯсфанду паррандагон басандаву арзанда ба назар намерасид, балки бидъати қурбонӣ кардани инсон низ ба ин қатор изофа шуд. Сардорон ва бошандагони қабилаҳо бар ин назар буданд, ки барои дарёфти ризомандии худоён ва гоҳо ба сифати хушомад дастовези арзанда пешниҳод кардан ба онҳо чизе беҳтар аз худи инсон буда наметавонист. Акнун аз тариқи оятҳои Китоби муқаддаси мусулмонон манъ гардидани забҳи инсон ҳамчун қурбонӣ ва қудсият пайдо кардани ивази он бо гӯсфанд (ва чаҳорпоёни дигар) таҳаввули бузурге дар ҷаҳонбинии одамон ва шинохти кавну макон ба вуҷуд овард. Яъне ба ҳеҷ ваҷҳ одамро куштани одам аз нигоҳи муқаррароти тавҳиди илоҳӣ мақбули даргоҳи Офаридгор набудааст. Ва ин андарзи бузург аз қаъри ҷомеаҳои қурунивустоӣ то ба имрӯз омада расидааст.

Дар заминаи ҳамин таҳаввули бузурги мансуб ба иди Азҳо дар фарҳанги мусулмонӣ маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба танзим шуд. Анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои ислом барои ҳар марди болиғу оқил ва озоду муслим ба шарте тавсия мегардид, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштанаш касони дар нафақаи ӯ буда аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рӯзғор ҳеҷ танқисие надошта бошанд.

Ҳикмати Иди Қурбон он аст, ки шахсро ба ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват менамояд. Дар доираи муқаррароти иди Азҳо қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Шахсоне, ки имконияти фарох надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ доранд, аз тариқи дуруду фотеҳа хондан ба рӯҳи гузаштагон, аёдати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид иктифо мекунанд.

Зимни баргузории Иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ баъди адои намози ид ба шахсони доро ва тавоноӣ дошта савоб буда, ҳамчун хайру садақа расонидани он ба ниёзмандон, беморон, маъюбон ва тифлони бепарастор аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст. Агар машрӯият ва воҷиб гаштани ин амал бо ояти 2-уми сураи Кавсар собит шуда бошад, пас масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани он дар ояти 36 сураи Ҳаҷ баён гардидааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”. Аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи исломӣ ва мардумии мо чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст бо ризомандӣ ҳаққи қассобро дода, бо ёрии ӯ гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёзмандону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад ва бо истифодаи ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рӯзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат воқеан аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан дар матни омӯзаҳои динию мазҳабии мо намудор мешавад. Дар матни арзишҳои омӯзандаи фарҳанги миллии мо ҳамчунин як идда урфу таомуле, ба мисли рафтан ба аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба хурдсолон, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба ниёзмандон маъмул гардидааст, ки ҳамчун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад.

Аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннат аст ва дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) воҷиб аст. Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб (ки соли 2018 – 20400 сомонӣ муайян гардидааст) воҷиб мегардад. Ҳадди нисоби шаръӣ ҳамон ҳолати молик будан ба дороӣ ва имкониятҳои молиявӣ аст, ки болотар аз он додани закот аз мол, садақаи фитр ва қурбонӣ кардан дар Иди Азҳо барои шахси мусулмон воҷиб мегардад. Аз гӯшти қурбонӣ метавон миқдореро ба мардум бихӯронд ва қисмати дигарро барои аҳли хонаводаи худ захира кард. Урфи маъмул дар суннати қурбонӣ он аст, ки аз се як ҳиссаи он ҳамчун садақа тақсим шавад, аз як ҳиссаи он ба фақирону мискинон таом омода созанд ва як ҳиссаи дигар захира гардад. Ва низ ҷоиз аст, ки шахси қурбоникунанда аз гӯшти қурбонӣ бихӯрад, ба дигарон хӯронад ва ба касе, ки хоҳад, бибахшад. Агар тамоми гӯшти қурбониро садақа кунад ҳам, ҷоиз аст. Аз ин мавқеъ, бояд хотирҷамъ бошем, ки дину мазҳаб ва давлату ҳукумат барои қурбонӣ кардани шахсони соҳибнисоб ҳеҷ мушкилие эҷод накардааст ва нахоҳад кард.

Касе назр карда бошад, ҳамаи гӯшти қурбониро ба бенавоён тақсим карда медиҳад, чизе аз он намехӯрад ва бо он сарватмандонро намехӯронад. Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гӯшти қурбонӣ воҷиб мегардад. Ҳамчунин бояд донист, ки барои оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, фақеҳони мазҳаб беҳтар шумурдаанд, ки ҳамаи гӯшти қурбониро барои худ захира карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад. Бовару эътиқоди мардумӣ ва ҳадафи имонӣ аз баргузории ид ва куштани чаҳорпои қурбонӣ чашидани хӯроки аз он омодашуда аст. Аз рӯйи кибру риё оростани дастурхони пурдабдаба ва сермасраф ба хотири тановули хӯроки идона ҳеҷ иртиботе бо омӯзаҳои динӣ надорад. Баръакс, оростани дастурхон бояд ончунон ифодагари маънавиёте бошад, ки тарбияву ахлоқ ва одобу муоширати инсонҳоро қавӣ гардонад. Афзун бар ин, дар даврони истиқлолият чандин бидъатҳои хурофотӣ ҳамрадифи идҳои динӣ гаштааст. Яке аз онҳо идгардаки кӯдакони хурдсол дар ба дари хонаи мардум аст. Албатта, харидани либоси нав ва ҳадя додани аҳли хонавода ба ҳамдигар рафтори мақбул аст. Вале оё ақли солим қабул карда метавонад, ки хона ба хонаи дигарон “ид муборак” гӯён сар халонидани кӯдакон ягон мисқоли заррае аҳамияти тарбияӣ дар сиришти онҳо афзун мекарда бошад? Ҳаргиз не. Ва ё гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба хонаи ҳамдигар рафтани ҳамсинфон – боз дар шакли духтарон алоҳидаву писарон алоҳида, – ҷиҳати оростани суҳбатҳои пучу беҳуда бо номи “идгардак” магар ба ҷуз эҷоди нороҳатӣ барои соҳибони хона манфиати дигаре дорад? Чунин тарзи рафторҳо бо омӯзаҳои динию мазҳабӣ ҳеҷ иртиботе надоранд ва бояд аз мафкураву ҷаҳонбинии мо давра ба давра берун оварда шаванд.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастурхони идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯтанию фармонбардорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегардад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Доир ба масъалаи кулфат раво надидан барои худ ҷиҳати оростани ҳама гуна дастурхон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ дар ҳадисе Имом Абӯҳанифа аз тобеии машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ӯ дар хонаи саҳобии киром Ҷобир ибни Абдуллоҳ меҳмон шуд. Ва Ҷобир болои дастурхон нон ва сабзавоти туршишуда (хубз ва халл) гузошт ва узр пеш оварду гуфт: “Ҳамоно пайғамбари Худо (с) моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”. Аз ин рӯ, ҳангоми пазироию омодагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид исрофкорӣ, худнамоӣ, манманию зоҳирпарастӣ нишон доданро ба фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва омӯзаҳои имонию эътиқодии он вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ ва носипосӣ аст. Арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд.

Дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҳам доир ба масъалаи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некӯаҳволии мардум, истифодаи мақсадноки пасандозҳои онҳо ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар қаламрави кишвар ҳадафи дигаре надорад.

Ҳам акнун дар оғози асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми омадани идҳои Фитр ва Азҳо андаке дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хӯрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, бозандешӣ, тафаккур ва тааққул бикунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастурхон ба ҷуз ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофкорӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест. Бар замми ин, хариди зиёди анвои хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо ҳангоми фарорасии идҳои динӣ бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр бештари маводи хӯрока омили гарон шудани нарх мегардад. Ҳеҷ тоҷиру соҳибкор ва фурӯшандаи қаторӣ набояд умедвор бошад, ки ба сабаби дар арафаи иди динию эътиқодӣ гарон фурӯхтани маҳсулоти худ манфиату даромад мебинад. Баръакс, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин беинсофон дере нагузашта гирифтори бало мешаванд ва фоидаи гӯё калон ба даст овардаашон барояшон зиён меоварад. Вале шахсоне, ки дар арафаи ид нархи маҳсулоташонро аз пештара камтар карда мефурӯшанд, баракати корашон дучанд мегардад. Ин як воқеияти бебаҳс аст, ки ба зершуури имонии инсонҳо бастагӣ дорад ва ҳар кас ҳақиқати онро дар таҷрибаи худ санҷида метавонад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи фарорасии чунин идҳо мушоҳида карда, ба андешае фурӯ меравад, ки ин ҳама худнамоиҳо ба хотири чӣ ва манфиати кӣ бошад.

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави муқаррароти Конститутсияи кишвар риояи озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони кишвар кафолат додааст. Дар шароити зиндагии озоду ободи давлати демократии ҳуқуқбунёд мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва анъанаву маросимҳои динӣ, махсусан, тарғиби дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани гуноҳу камбудиҳои ҳамдигар ва хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатхои некро густариш дода, ҷашну маросими эътиқодии худро бо дигар анвои арзишҳои миллӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, эҳтироми сарулибоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз пайравии анъанаҳои барои миллату фарҳанги мо тамоман бегона, саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар як хонаводаи тоҷик тавъам созанд.

Дар вазъияти кунунӣ ҳифзи унсурҳои аслию бунёдии фарҳанги миллӣ шарти бақо ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлати соҳибистиқлол мебошад. Ин падида дар вазъияти густариши бесобиқаи табодули унсурҳои фарҳангӣ ва арзишҳои динию мазҳабӣ дар байни кишварҳои мусулмонӣ аҳамияти аз ҳарвақта бештаре касб намудааст. Хушбахтона, мардум оҳиста-оҳиста аз мавқеи танзимгарӣ муносибат кардан ба ҷашну маросимро дарк намуда, манфиатовар будани онро дар беҳбуди ҳаёти рӯзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос карда истодаанд. Масъулияти асосии мо дар ин самт ҷанбаҳои мусбати Қонуни танзимро тақвият бахшидан, ҳамеша дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои заъфи амалкарди он будан ва бад-ин васила рисолати шаҳрвандӣ ва эътиқодии худро анҷом додан аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво