19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави Маркази табобати бемориҳои рӯҳӣ бунёд гардид

857
Дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа Маркази табобати бемориҳои рӯҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Фармоишгари ин иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмониро бинокорони соҳибтаҷрибаи Раёсати сохтмонии рақами дуюми ноҳияи Роштқалъа пеш мебаранд.

Ба иттилои манбаъ, дар айни замон корҳо дар иншооти мазкур 95 дарсад ба анҷом расида, бинокорон ба корҳои ороишӣ ва мумфаршкунии роҳравҳои атрофи бино, инчунин сафолакпӯш кардани саҳни шифохона машғул мебошанд. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ мебошад.

Тавре масъулини Раёсати тандурустии вилоят иброз намуд, барои анҷоми корҳо ва муҷаҳҳаз намудани беморхона бо техникаи муосир 25 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Сардори Раёсати сохтмони рақами дуюми ноҳияи Роштқалъа Гулмамад Аноятшоев гуфт, ки бинои касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ дар майдони 2 гектар замин доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии маризон мебошад.

Ба беморхона рӯзҳои наздик лавозимоти корӣ ва техникаю таҷҳизоти тиббӣ ворид карда мешавад. Ҳама утоқҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешавад. Беморхона ҳамчунин дорои ҳаммом, утоқи либосшӯӣ буда, чор ошхона яъне ҳар як шуъба ошхонаи худро доро мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушд додани дигар бахшҳои хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соҳаи тандурустӣ ҳам таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи солҳои охир даҳҳо биноҳои марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаҳои муосир сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво