20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Истаравшан дидан карданд

691
Имрӯз, 8 август як гурӯҳ рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади боздид намудан аз мавзеҳои таърихию фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон ва суҳбат бо ҳамкасбони худ дар мамлакати мо қарор доранд, ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Дар ин бора котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод ва афзуд: «Ҳайати меҳмононро роҳбарият ва аҳли адаби шаҳр дар даромадгоҳи Қалъаи Муғ бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд».

Ба иттилои манбаъ, ҳайати меҳмонон дар доираи сафари худ аз осорхона ва растаи ҳунарҳои мардумии шаҳр дидан намуданд.

«Боду ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон ба ман писанд омад. Бори аввал аст, ки ба кишвари зебоманзар ва офтобрӯй омадам. Пештар дар бораи Тоҷикистон танҳо аз интернет маълумот мегирифтам, имрӯз бошад ман бо чашмони хеш дидам. Шаҳри Истаравшан ба шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистон монанд аст ва имконоти зиёди рушди сайёҳӣ дорад»,- иброз доштааст муҳаррири калони Агентии иттилоотиии «Uz Report» Набӣ Абдураҳимов дар суҳбат бо хабрнигорон.

Бояд гуфт, ки дар ин ҳайат раиси Маркази фарҳангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон «Ориёно» ва хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, муаллифи филми мустанади «Зери осомони ягона» Ҷасур Исҳоқов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, муҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Ҷумъақулов, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон Нурулло Насриев, хабарнигори телевизиони «Ӯзбекистон 24» Зебо Тӯхтаева ва дигарон шомил мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз гурӯҳи меҳмонон ба шаҳри Душанбе ташриф меорад. Рӯзноманигорони ӯзбек дар доираи сафари худ ба шаҳри Душанбе аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Мамнӯъгоҳи таърихӣ –кишваршиносии «Қаълаи Ҳисор», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқил Талко», Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаи давлатии «Боғи фароғатии «Хайём» боздид ба амал меоранд.

Меҳмонон 10 август ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мпеҳмонони Ӯзбекистон зимни сафар ба маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ва навоҳии Данғараву Муъминобод сафар намуда, аз мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихиву фарҳанги шаҳру навоҳии номбурда дидан намуда, бо иштироки онҳо мулоқотҳо барпо мегарданд. Шиносоии ҳайати рӯзноманигорони Ӯзбекистон ду рӯз идома меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво