22 октябр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи сохтмон

99
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ба  муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон





Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ба  муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон


Ҳамкасбони муҳтарам, сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, собиқадорони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонии ватанӣ, дӯстони азиз!
Бо камоли эҳтиром мехоҳам аз номи худам ва ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон ва собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо ободиву осоиш ва хушбахтиву саодат орзу намоям.
Чун анъана мо якшанбеи дуюми моҳи август иди касбии бунёдгарони ин Ватани маҳбуб, офарандагони зебоӣ, яъне созандагони ояндаи ин диёри нотакрорро ҷашн мегирем. Сол ба сол бинокорони мамлакат бо дастовардҳои боз ҳам бештар, бо туҳфаҳои арзанда ва саҳми арзишманди хеш дар ободии диёр, некӯаҳволии мардум ва осоишу шукуфоии он нақши назаррас мегузоранд.
Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд ёфта истодаанд. Асосгузори ҳамаи азнавсозиҳо, ташаббускор ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамеша дастгирӣ менамоянд.
Ҳоло барои рушду инкишофи соҳаи меъмориву сохтмон дар мамлакат шароити мусоид фароҳам шуда истодааст. Тавре маълум аст, бунёдкорӣ ва ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобаста мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ нақшаҳои генералӣ марҳала ба марҳала аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ, кӯчаҳои васеъ ва хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудааст.
Кулли кормандони соҳаи меъморӣ ва сохтмони мамлакат иқдом гирифтаанд, ки фаъолияти худро бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба роҳ монда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд ва ҷашнҳои дарпешистодаро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.
Ободии Ватан ва осоиши мардум аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Барои ин мо бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкардаву нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт беҳтар гардонидани сифати иншооти бунёдшаванда талош варзем.
Бори дигар ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломативу барори кор орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, бинокорони муҳтарам!







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво