28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» бояд фарогири арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таҷассумгари нишонаҳои давлатдорӣ бошад!

666
Дар толори маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагон аз Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқҳои рассомону меъморон, ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, ДДСТДТ ба номи М. Турсунзода, Академияи меъморӣ ва сохтмон ва Академияи мусавварии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» бояд фарогири арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таҷассумгари нишонаҳои давлатдорӣ бошад!

Муовини аввали раиси Кумита Абдуалимзода Абдукарим қайд намуд, ки мақсад аз ҷалби таърихнигорон ва меъморону дизайнерон ин татбиқи банди панҷуми (Шарт ва талаботи озмун) фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «26» майи соли 2018 №50-ф дар бораи тартиби гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар банди панҷуми тартиби гузаронидани озмун аз ҷумла омадааст, ки озмун бо истифодаи нишондиҳандаҳое, ки Тартиби мазкур пешбинӣ намудааст, бо дар назар доштани таҳлили натиҷаҳо ва омӯзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ва мувофиқат ба меъёрҳои муқарраргардида сурат мегирад.
Лоиҳа бояд фарогири арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таҷассумгари нишонаҳои давлатдорӣ бошанд, ҳамчун маҷмааи нодиру таъсирбахш мавриди коркарди бисёр дақиқ бо диду назари хосу фарқкунандаи зебоишиносии фарҳанги таърихию муосири тоҷик ва санъати баланди хоси шаҳрсозию меъморӣ таҳия карда шавад.

Дар ин замина рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули тафаккури таърихии халқ аз даврони бостон то замони Сомониён ва аз замони Сомониён то расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва озодии комил бояд ба инобат гирифта шавад. Махсусан, тавассути ҳофизаи таърихӣ ифода намудани баъзе рӯйдодҳое, ки унсури такмилдиҳии худшиносии халқ гардидаанд, бояд ба назар гирифта шавад.

Истифодаи баъзе ишораҳои таърихи бостон, сарчашмаҳои таърихи ёдгориҳои бостонӣ ва нигораҳое, ки дар он шуҷоату матонати халқи тоҷик ифода шудаанд, ба инобат гирифта шавад.

Н. Раҳмат
мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво