20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«СУБОТУ АМНИЯТИ КИШВАРАМОНРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ЭҲТИЁТ НАМОЕМ!». Абдуҷаббор Раҳмонзода сокинони шаҳри Кӯлобро ба ҳушёриву зиракӣ ва бунёдкориву созандагӣ даъват намуд

616
22 майи соли 2018 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Тибқи он аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, корҳои ободонӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар саросари мамлакат бомаром идома доранд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода «СУБОТУ АМНИЯТИ КИШВАРАМОНРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ЭҲТИЁТ НАМОЕМ!». Абдуҷаббор Раҳмонзода сокинони шаҳри Кӯлобро ба ҳушёриву зиракӣ ва бунёдкориву созандагӣ даъват намуд
Номбурда таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар ба суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли равон баргузор гардид ва масъалаҳои муҳиму глобалии замони муосирро дарбар мегирифт, ҷалб намуд: «Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст.

Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд».

Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳодисаи нангинеро мисол овард, ки 29 июли соли 2018 дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ба вуқӯъ омад: гурӯҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Лиганза» дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ ҳуҷум карданд, ки ин амали ваҳшиёнаи онҳо боиси марги 4 нафар менҳмонони хориҷӣ гардид. Ҳоло ин кирдори ғайриинсонӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа қотеона маҳкум карда мешавад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таҳқиқи ҳодисаи мудҳиш хабар дод, ки ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс, узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд. «Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд. Муайян гардид, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад»,-гуфта шудааст дар идомаи шарҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин амал бори дигар собит намуд, ки аъзо ва дастандаркорони ТЭТ ҲНИ то ҳол аз ақидаҳои муғризонаву золимона ва террористии худ даст накашидаанд, бинобар ин ва ҳар як сокини ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри бостонии Кӯлобро зарур аст, ки ягон лаҳза ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, пеши роҳи чунин ҷинояткоронро сари вақт гиранд, бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи оштинопазир баранд, суботу амнияти кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат нақшаву барномаҳои Давлат ва Ҳукумат ҷиҳати рушду тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, ободу зебо гардондани шаҳру деҳотамон сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро мерасанд ва ояндаи боз ҳам неку дурахшон насиби мардуми Тоҷикистон мешавад.

Дар вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб зикр гардид, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як маҳалла ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабу китобхонаҳо, беморхона, корхонаҳои истеҳсоливу дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти оммавӣ, ҳаммом, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн сохта ба истифода дода мешаванд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода масъулин ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Кӯлобро ба созандагию бунёдкорӣ, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, даъват намуд. Вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан карда, волидонро ба тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят намуд.

Бояд гуфт, ки қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор дошта буданд: «Воқеан дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накӯкорист. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини Исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем».

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯриҳо баргузор карда истодаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво