25 май 2018, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Таваҷҷӯҳ

516
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти роҳбарони зерташкилотҳои лоиҳакашии Кумита мерасонад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15.10.2015, №463 “Дар бораи эълон намудани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи варзишии шаҳраки 72, дар кӯчаи Балъамӣ” аз 20 октябр то 1 декабри соли 2015 озмуни кушод доир ба пешниҳод намудани лоиҳаи беҳтарини ангоравии маҷмааи варзишии шаҳраки 72, дар кӯчаи Балъамӣ” эълон карда шудааст.

Шартҳои
озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи варзишии шаҳраки 72, дар кӯчаи Баламӣ ( дар мавзеъи мошинбозори феълӣ (карйер))

1. Мақсад ва вазифаҳои озмун
Мақсади озмуни кушод- дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи варзишии шаҳраки 72, дар кӯчаи Балъамӣ (дар мавзеъи мошинбозори феълӣ (карйер));
2. Лоиҳаи пешниҳодшаванда бояд фарогири
чунин талаботҳо бошад:
а) нақшаи ҷойгиркунии иншоот дар нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал;
б) нақшаи ошёнаҳо (муфассал);
в) лоиҳаи ангории иншоот бо нишондоди намуди зоҳирӣ (фасад), намуди умумӣ ва бурриши бино;
г) нишондоди техникӣ-иқтисодӣ;
3. Шакли озмун
Озмун озод буда, дар як давр гузаронида мешавад.

4. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои лозима барои пешниҳодот
а) мактуби ёддошт на зиёда аз 4 саҳифа (дар 2 нусха) бо зикри масоили асосии меъморӣ, сохтмонӣ ва техникии бино;
б) маводи графикӣ ва мактуби ёддоштӣ дар сатҳи озод таҳия ва пешниҳод гардад;
в) шиор дар болои кунҷи чапи мактуб бо калима навишта шавад (балаандии навиштаҷот 10 мм);
г) дар мактуби сарпӯшида бояд маълумот дар бораи муаллифон бошад – ном, насаб, номи падар, ё номи корхона, суроға ва телефон;
д) агар лоиҳа аз ҷониби як гурӯҳ таҳия шуда бошад, дар он сурат иловатан бо шиор бояд варақи алоҳида бо имзои муаллифон бошад;
е) дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода бурдан мумкин аст;
ж) лоиҳаҳое, ки ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.
5. Мӯҳлати пешниҳоди лоиҳа
а) ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун аз 20 октябр то 1 декабри соли 2015 ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсози шаҳри Душанбе бо қайди “Барои озмун” ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 48 (почтаи электронии: DushanbeSRMhS@mail.ru) пешниҳод карда шаванд.
б) ҳуҷҷатҳои озмунии пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд.
в) ҳуҷҷатҳои озмун, ки баъди санаи зикргардида пешниҳод мешаванд, мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво