20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дониш, имконоти маънавӣ ва касбии худро барои ободии диёр равона мекунем

1856
Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» мутобиқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 таҳти рақами 311 ташкил карда шудааст ва мақсади асосии он таъмин намудани эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла, иҷро ва ба танзим даровардани барномаҳои мақсадноки давлатие, ки аз тарафи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, барномаҳои бунёдӣ ва амалии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои сохтмонӣ барои таъмини муҳити зисти боэътимод, бехавф ва бо ҳузуру ҳаловати инсон дар биноҳо ва ҳудудҳо равона карда шудааст.

Бояд қайд намоям, ки ҷашни касбӣ – «Рӯзи кормандони сохтмон» -ро мо низ коллективи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» бо пешравиҳо ва нақшаҳои дурнамо истиқбол менамоем.

Самтҳои фаъолияти пажуҳишгоҳ гуногун буда, кормандон асосан ба иҷрои корҳои илми тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҳияи санадҳои меъёрӣ машғул мебошанд.

Дар арафаи Иди сохтмончиён корхона дорои шаҳодатномаи акредитатсияи Тоҷикстандарт гардида, фаъолияти озмоишгоҳ оғоз хоҳад шуд. Бояд қайд намоям, ки таъсиси озмоишгоҳ бо мақсади татбиқи банди 12 ва 14 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №512 аз санаи 02 октябри соли 2012 «Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» равона гардидааст.

Ҷиҳати татбиқи банди 2.23 нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №300) дар назди корхона курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ташкил карда шудаст. Дар 5 моҳи соли равон барои омӯзиш 22 нафар ҷалб карда шудааст.

Умуман мувофиқ ба нишондодҳои корхона дар ҳамаи самтҳои фаъолият пешравиҳо ба назар мерасад, ки ин ҳама заҳмати коллективи корхона мебошад.

Ҳамкасбони азиз, сохтмончиёни мӯҳтарам ва собиқадорони соҳа!

Касби сохтмончӣ касби пурифтихор буда, сохтмончиёнро ободгари шароити зиндагии халқ меноманд. Иҷозат фармоед шахсан аз номи худам ва ҳамчунин аз номи аҳли коллективи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» Шумоёнро бо ин ҷашни касбӣ – «Рӯзи кормандони сохтмон» табрику муборакбод гӯям. Ба Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва муваффақиятҳои бузургро дар фаъолияти касбиатон хоҳонам.

Рӯзи кормандони сохтмон муборак бошад!

Директори Корхонаи воҳиди
давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию
тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»
У. Умаров




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво