28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Машварати корӣ

2106
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва КВД «Ташхисгар» ва роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта 11 ноябри соли равон дар назди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. машварати корӣ доир гардид. Дар машварат муовинони Раиси Кумита, сардорони Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони зерташкилотҳои Кумита, сармуҳандис ва сармеъморони лоиҳаҳои пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии дорои категорияҳои I ва II новобаста аз шакли моликият, кормандони Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, экспертони штатӣ ва ғайриштатии КВД «Ташхисгар» ширкат намуданд.

Маҷлисро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оғоз намуда, оид ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва КВД «Ташхисгар», камбудиҳои ҷойдошта, ҳолати коргузорӣ, интизоми иҷро ва бо роҳи дарёфти ҳалли онҳо беҳтар намудани фаъолият суханронӣ намуд.

Сипас, сухан ба сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита Ҳакимзода А.А. дода шуд. Дар баромади худ Ҳакимзода А.А. оиди талаботҳои Раёсат, тартиби қабули ҳуҷҷатҳо, мӯҳлати гузаронидани экспертиза ва дигар масъалаҳои баҳсталаб суханронӣ намуд.
Ҳангоми гузориши худ Директори КВД «Ташхисгар» Давлатов А.Д. нисбати тартиби гузаронидани ташхиси давлатӣ, муайян намудани экспертон барои гузаронидани ташхис, камбудиҳои ҷойдоштаи лоиҳакашон, ташхиси қисмҳои алоҳидаи лоиҳа ва дигар масъалаҳои истеҳсолӣ қайд карда гузашт.
Дар муҳокимаи масъалаҳо Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., муовини Раис Мирзозода Н.Ю., ҳамчунин Зуҳуритдинов С.А., Ишанов Б.М., Назаров А.С., Умаров У.Х., Файзуллоев Қ.Ф., Хокиев М.К., Ясунов П.А., Ҳомидов Д.Ш. иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. фикрҳои дар атрофи рӯзномаи маҷлис баёншударо ҷамъбаст намуда, бо назардошти масъалаҳои ҷойдошта супориш ва тавсияҳо дод.

Маҷлис қарорҳои мушаххасро ба тасвиб расонид:

1. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва КВД «Ташхисгар» вазифадор карда шаванд:
1.1.Минбаъд маълумотномаи сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оиди ҷойгиронии иншоотҳо дар маҳал тибқи нақшаи генералӣ барои гузаронидани ташхиси давлатӣ талаб карда нашаванд.
1.2. Номгӯи ташкилотҳоеро, ки аз натиҷаи ташхиси давлатӣ хулосаи манфӣ гирифтаанд, ба Хадамоти иҷозатномадиҳӣ барои чораҷӯӣ пешниҳод намоянд.
1.3. Барои таъсис додани намояндагии Раёсат дар минтақаҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа то охири соли 2015 чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
1.4.Бо мақсади ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар намудани мутахассисони Раёсат барои таҷрибаомӯзӣ таклиф пешниҳод намоянд.
1.5.Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корӣ гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо, машваратҳои корӣ бо иштироки лоиҳакашон, фармоишгарон, пудратчиён ва дигар субъектҳои шаҳрсозӣ ба нақшаи кории соли 2016 ворид карда шавад.
1.6.Собиқаи кории экспертон дар соҳаи лоиҳакашӣ ва истеҳсолот бояд аз 10 сол зиёд бошад. Руйхати экспертон бо маълумотномаи онҳо барои тасдиқ то санаи 1 декабри соли 2015 ба Раиси Кумита пешниҳод карда шавад. Барои фаъолияти экспертони Раёсат синну сол маҳдуд карда нашавад. Донишу таҷриба ва малакаи онҳо пурра истифода бурда шавад.
1.7.Низомномаи пардохти музди меҳнати экспертон бо ворид намудани тағйироти дахлдор, барои тасдиқ то санаи 1 декабри соли ҷорӣ пешниҳод карда шавад.
1.8.Намунаи Шиносномаи лоиҳаҳо омода карда шуда, барои мувофиқа то санаи санаи 1 декабри соли равон пешниҳод карда шавад. Минбаъд ҳама лоиҳаҳо барои экспертиза бо пешниҳоди шиносномаи лоиҳа бояд қабул карда шаванд.
1.9. Пас аз баргузории аттестатсияи кормандон, ҷойивазкунии сардорони шуъбаҳои Раёсат ва КВД «Ташхисгар» то охири соли 2015 амалӣ карда шавад.
1.10. Ҷиҳати бо гармӣ таъмин намудани бинову иншоотҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, мактуби расмӣ ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.
1.11.Мутахассисони Раёсат ва КВД «Ташхисгар» ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи иншоот дар қаламрави шаҳри Душанбе, аз маҳалли сохтмон дидан намоянд.
1.12. Тартиби гузаронидани ташхиси асноди лоиҳавию харҷномавӣ тибқи нақшаи замимагардида ба роҳ монда шавад.
2. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ нисбати ташкилотҳои лоиҳакашии «Бунёдкор-Р», «Тоҷиккоммунпроект», «Созанда» ва «Хатлон-Шаҳрофар», ки дар харҷномаи иншоотҳо арзиши корро зиёд нишон додаанд, чораҷӯӣ намояд.
3. Назорати иҷрои протоколи мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво