20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд то ҷашни бузурги миллӣ беш аз 300 иншоот ба истифода дода мешаванд

715
Имрӯз дар саросари мамлакат баҳри таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза мегиранд.

Аз ҷумла, дар қаламрави вилояти Суғд бахшида ба ин санаи муҳим тибқи қарори раиси вилоят 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду навсозии беш аз 3000 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ ба назар гирифта шудааст. Дар ин раванд бинои 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, навсозӣ мешаванд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳоло дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ авҷ гирифта, тасмим гирифта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 иншоот ба истифода дода шаванд.

Дар Хуҷанд то ҷашни бузурги миллӣ беш аз 300 иншоот ба истифода дода мешаванд

Аз ҷумла, дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода санги асоси якчанд иншооти иҷтимоӣ гузошта шуд.

Аз ҷумла, навсозии кӯдакистони №3, ки чанд сол боз дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, дар маҳаллаи Сари баландии шаҳр навсозии се бинои замонавӣ бо шароити мусоид барои 320 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик», воқеъ дар маҳаллаи Раззоқ, ки бо насби трансформаторҳои пуриқтидор талафоти неруи барқро аз 23 то 9 фисад кам менамояд ва тибқи нақша, бояд моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон ба оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи Усмон Қосимови маҳаллаи Тиллокон, ки қасабаҳои 12-13-умро мепайвандад, бо дарозии 1000 метр ва паҳноии 17 метр ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.

Дар Хуҷанд то ҷашни бузурги миллӣ беш аз 300 иншоот ба истифода дода мешаванд

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар ин робита бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ навсозии Қалъаи Хуҷанд, бунёди Боғи фарҳангии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳр, навсозии меҳмонхонаи овозадори «Ленинобод», бунёди роҳи танобӣ ва ба истифодадиҳии корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ ва майдончаҳои варзишӣ низ дар назар аст.

Хотиррасон бояд, кард, ки чанде пеш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд чанд иншооти дигари иҷтимоӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таълимии томактабӣ, яке барои 320 кӯдак ва дигаре барои 240 нафар ва аз ҷониби ширкати «Иморатсоз» маҷмааи хонаҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо, чойхона ва кошонаи ҳусн ба истифода дода шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво