26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нишасти матбуотӣ: Барвақт сар шуду дер давом кард

732
Санаи 19 июли соли 2018 дар толори маркази матбуотии ҷумҳуриявии “Ховар” мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ВАО доир гашт.

Дар ҷамъомад Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Муовини аввали раис Абдуалимзода Абдукарим, муовинон, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин, хабарнигоронУ намояндагони нашрияҳои Садои мардум, Ҷумҳурият, Тоҷикистон, “Рӯзномаи бинокорон”, агентиҳои иттилоотии “Ховар”, Азия-плюс, Авесто, телевизионҳои Сафина, Мир, Ҷаҳоннамо ва дигарон иштирок намуданд.

Аҳмадзода Ҷ. Ҷ. раиси Кумитаи меъморӣ дар баромади худ дастовардҳо ва корҳои баанҷомрасидаи Кумитаро дар нимсолаи аввали 2018 муаррифӣ намуд. Дар идома хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Ҳамин тавр, хабарнигори «Садои мардум» С.Суннатӣ бо суоли «Шаҳри мо бешубҳа, солҳои охир хеле зебо шудааст, вале оё таҷрибаи баъзе давлатҳо оид ба гулпӯшу дарахтпӯш ва сабзазор гардонидани боми биноҳо дар Тоҷикистон ҳам истифода бурда мешавад?» оғоз намуд.

Раиси Кумита ҷавоб гардонд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва бо мақсади иҷрои банди 5 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2017, №10 ҷиҳати тадриҷан якранг намудани ранги болопӯши боми биноҳои таъиноташон гуногун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, алҳол фармоиши Раиси Кумита содир шудааст. Дар қисми биноҳои шаҳри Душанбе «Бомҳои сабз (Зелённые крыши)» ба назар мерасанд, ба мисли боми бозори «Султони кабир». Дар оянда боз нисбати ин масъала нақшаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Шаҳбози Аброр- хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба суоли худ «Оё дар байни лоиҳаҳои пешниҳодшаванда лоиҳаи корхонаҳо ҳам ба назар мерасанд, ё ҳама лоиҳаҳои мактабу касалхонаву биноҳои маъмуриву истиқоматиянд?» ҷавоб гуфта шуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маркази шаҳру ноҳияҳо лоиҳаи як қатор корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ. марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхона, нонпазхона ва ҳаммомҳо омода шудаанд. (Лоиҳаҳо ба воситаи графопроектор нишон идода мешуданд).
Дар нишасти хабарӣ хабарнигорони ВАО дар хусуси арзиши хонаҳо, рафти корҳо дар баъзе сохтмонҳо, ки соҳибкорон ва ширкатҳои сохтмонӣ корро кашол медиҳанд, камбудиҳои кори сохтмонӣ, сабабҳои бозпас хондани литсензияи ширкатҳои сохтмонӣ , вазъи корҳо дар «НБО Роғун» саволҳо дода, аз ҷавобҳои пурра қаноатманд гаштанд.

Р. Файзалиева , сармуҳаррири маҷаллаи «Меъморӣ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво