28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қарор аз 12 июли соли 2018 №127 ш. Душанбе

2273
Қарор аз 12 июли соли 2018 №127 ш. Душанбе
Дар бораи мукаммал намудани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва ҳуҷҷатҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон.

Бо назардошти маълумотҳо, ки аз ахбороти директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” оиди мукаммал намудани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва ҳуҷҷатҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бармеояд, инчунин таклифу пешниҳодҳои баёншуда, ҳайати мушовара,

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Гузориши директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” Умаров У. Х. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” Каримзода А.Р. дар бораи мукаммал намудани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва ҳуҷҷатҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ба инобат гирифта шавад.
2. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Ниёззода А), Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” (Каримзода А.Р.) вобаста ба самти фаъолият вазифадор карда шаванд:
- муқаррароти санадҳои меъёриро бо назардошти тағйиру иловаҳои ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида мутобиқ намоянд;
- дар давоми семоҳаи сеюми соли ҷорӣ тағйиротҳои заруриро ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозии амалкунанда дар доираи нақшаи кории соли 2018 ворид намуда, мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд;
- барои ворид намудани тағйиру иловаҳо дар системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо назардошти таҷрибаи муосир ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» чораҷӯӣ намоянд.
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳаи нархгузорӣ дар сохтмонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, мукаммал ва мушаххас намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- оид ба тағйиру иловаҳои воридшуда ва ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулгардида, корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намоянд.
3. Фармоишгарон, лоиҳакашон, пудратчиён ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ:
- вобаста ба иҷрои банди 7 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ гардидааст, ҳамкориро бо Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” ҷиҳати саривақт пешниҳод намудани маълумотҳои зарурӣ ба роҳ монанд;
- бинобар сабаби тағйирёбӣ ва ивазшавии талаботҳои меъёрӣ, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо дар фаъолияти худ аз маҷмӯъ ва манбаъҳои дастраскунии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ истифода намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара Ҷамшед Аҳмадзода

- Қарор аз 12 июли соли 2018 №127 ш. Душанбе.doc [88,5 Kb] (cкачиваний: 28)
- Қарор аз 12 июли соли 2018 №127 ш. Душанбе.pdf [296,27 Kb] (cкачиваний: 23)




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво