25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲУШЁР БОШЕД! Барномаи интернетии «Zello» шаҳрвандонро ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб месозад

639
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) изҳор дошт, ки барномаи интернетии «Zello» сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Дар ин мавзӯъ 21 май ба воситаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиши телевизионӣ паҳн карда шуд. Дар намоиши телевизионӣ таъкид гардид, ки созмонҳои террористӣ ва экcтремистӣ шаҳрвандони мамлакатро маҳз ба воситаи барномаи «Zello» ба ҷониби худ моил месозанд.

Тавре аз намоиши телевизионӣ бармеояд, барномаи «Zello»-ро, ки тавассути интернет шунавонида мешавад, ду созмони дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ маҳкумшуда: Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» бо мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Зикр гардид, ки тавассути барномаи интернетии «Zello» душманони давлати мо ҷавононро ба сафи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ҷалб намуда, онҳоро «мағзшӯӣ» мекунанд: «Имомхатибони интернетии хориҷӣ ҷавонони моро ба ташкилотҳои террористӣ моил намуда, ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мекунанд, наворҳо ва сабтҳои дорои хислати зӯровариро паҳн ва ғояҳои салафиро тарғибу ташвиқ месозанд».

Аксарияти онҳое, ки ба сафи гурӯҳҳои экстремистӣ ҳамроҳ шудаанд, маҳз ба воситаи интернет, аз ҷумла, барномаи интернетии «Zello» ва саҳифаи махсуси он бо номи «Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ» ба чунин роҳи каҷ рафтаанд.

Шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм маҳкум шудаанд, дар ҳамин намоиши телевизионӣ худ иқрор карданд, ки онҳо маҳз бо даъвати мухолифон тавассути барномаи интернетии «Zello» ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ шуданд.

Соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати сомонаҳоеро, ки ғояҳои террористӣ-экстремистиро тарғиб менамоянд ва фаъолияташон манъ карда шудааст, дар сомонаи расмии худ ҷойгир карда буд. Дар рӯйхати мазкур номи барномаи интернетии «Zello» (http://zello.com) низ зикр шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки чанде пеш Хадамоти федеролии бехатарии Россия низ изҳорот дод, ки ҳоло террористон аз шабакаи интернетии «Zello» ба таври густурда истифода мебаранд ва тадриҷан ин шабакаи иҷтимоии интернетӣ нақши шабакаи чанде пеш манъшудаи «Телеграмм»-ро дар миёни созмонҳои террористӣ ҳамчун воситаи алоқа иҷро мекунад.

Мувофиқи маълумоти ВАО, шабакаи интернетии «Zello» аз тарафи Алексей Гаврилов, дӯсти асосгузори «Телеграмм» Павел Дуров таъсис дода шудааст.

Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар изҳороти худ вобаста ба зиёд шудани шумораи истифодабарандагони шабакаи «Zello» аз ҳисоби террористон таъкид кард, ки гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» (ДАИШ) ин шабакаи интернетиро барои ирсоли паёмҳои худ (садоҳои худ) истифода мебаранд.

Ҳамин тавр, «Zello» ба сифати таҷҳизоти алоқаи бесим барои террористон хизмат мекунад.

Истифода бурдан аз барномаи «Zello» дар ҳудуди Россия соли 2017, баъд аз он ки муассиси он аз ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бақайдгирии он саркашӣ кард, манъ карда шудааст.

Муассиси «Zello» Алексей Гаврилов ҳоло дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунад.

Ба ҷуз ин…

Ҷангиёне, ки содир кардани амалҳои террористиро дар ҳудуди Россия соли гузашта ба нақша гирифта буданд, тариқи фосилавӣ аз Шарқи Наздик идора ва роҳнамоӣ карда мешуданд. Дар ин бора директори созмони минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев иттилоъ дода буд.

«Дақиқан муайян карда шудааст, ки гурӯҳҳои террористие, ки мехостанд дар ҳудуди Федератсияи Россия амалҳои террористӣ содир кунанд, ба таври фосилавӣ аз ҳудуди Шарқи Наздик ва Туркия бо истифода аз барномаҳои интернетии «Zello» ва «Telegram» роҳбарӣ карда мешуданд», — гуфт Евгений Сисоев дар ҷаласаи прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай.

Мувофиқи суханони Сисоев, Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси кишварҳои СҲШ зиёда аз 50 зергурӯҳи террористиро фош ва 380 нафар аъзои созмонҳои мамнӯъро ошкор карданд.

Мувофиқи хабари дар ВАО нашршуда, аз ҷумла, «Портал iz.ru», роҳбари зергурӯҳи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», ки моҳи октябри соли гузашта дар вилояти Ленинград дастгир карда шудааст, ба воситаи интернет одамонро ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда, тавассути пайғомрасонҳои шабакаҳои интернетии «WhatsApp», «Telegram», «Zello» маводи таблиғотиву ташвиқотӣ паҳн мекардааст.

Zello муродифи «зулм» аст

Саволе пайдо мешавад, ки Zello чист? Ин як навъи хабаррасон ба воситаи интернет буда, он барои таҷҳизоти мобилӣ (телефонҳои мобилӣ) ва компютерҳои статсионарӣ пешбинӣ шудааст. Ба воситаи он паёмҳои овозӣ интиқол дода мешаванд ва тартиби кори он монанд ба кори ратсия мебошад.

Чаро ин навъи хабаррасон Zello номида шудааст? Мувофиқи этимология решаи калимаи Zello аз калимаи русии қадим «зло» (бадӣ, бадбахтӣ, шарр, зулм ) сарчашма мегирад.

Ба ибораи дигар, барномаи «Zello» оварандаи бадбахтӣ, фалокат, офату бало ва зулм мебошад. Бинобар ҳамин, шаҳрвандон, хусусан ҷавононро мебояд аз бало ҳазар гуфта, худро аз барномаи «Zello» ва истифодабарандагони он – ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» дур гиранд ва аз балову офат эмин бимонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво