22 июл 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Мақолаи беҳтарин» эълон намуд

21
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавонони боистеъдод озмуни «Мақолаи беҳтарин» эълон намуд.
Мақолаҳо бояд мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ободии диёр, корҳои созандагию бунёдкорӣ, манзараҳои нотакрор, ҷойҳои таърихӣ, сайёҳӣ, табиати зебо, чашмасорон, кӯҳу дарёҳо, боғҳои навбунёд, расму анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир буда, равону ҷолиб бошанд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни озмун метавонанд мақолаҳои худро бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақолаҳои пешниҳодгардида дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» дарҷ карда мешаванд.

«Озмуни мазкур моҳи январи соли 2019 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои қиматбаҳо, медал, ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд»,-гуфт масъули озмун.

Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед бо телефонҳои 227-21-24, 223-23-31, 919-99-77-22 дар тамос гашта ва ё маводи худро ба почтаи somona@vkd.tj, jomea@mail.ru ирсол намоед.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво