23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар расми ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор ширкат намуд

703
9 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар маросими ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2018), ки таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОК) доир мегардад, иштирок намуд. Дар ин бора дар Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.

М. Маҳмадаминов ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК ҳамчунин яке аз сессияҳои интерактивии Форуми болозикрро таҳти унвони “Ҳадафи 6-уми рушди устувор –таъмини дастрасӣ ва мудирияти устувори об ва беҳдошт барои ҳама” раисӣ намуд.

Форуми мазкур механизми асосии бисёрҷонибаи низоми СММ ҷиҳати баррасии раванди татбиқи Рӯзнома оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 (Рӯзномаи 2030) ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат ба табодули таҷрибаи муваффақ дар ноилшавӣ ба рушди устувор мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво