29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Рушди сайёҳӣ дар деҳот (дар мисоли Тоҷикистон)» -таҳти ин ном китоби пажӯҳишгари тоҷик дар Рига нашр шуд

499
Чанде пеш китоби ассистенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ), докторанти PhD-и донишгоҳ Нилуфар Ақдодова бо номи «Рушди сайёҳӣ дар деҳот (дар мисоли Тоҷикистон)» («Развитие туризма в сельской местности (на примере Таджикистана)»), «Development tourismin in rural areas on example of Tajikistan» (ба забони англисӣ) бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ба нашр расид.

Тавре котиби матбуоти ДДМИТ Машҳура Абдуллоева хабар дод, китоб дар бораи инкишоф додани сайёҳӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони зебоманзари мо мебошад. Тавре маълум аст, сайёҳӣ тиҷорати калон буда, ин бозор пайваста тавсеа меёбад. Аҳамияти сайёҳӣ барои иқтисодиёти миллӣ хеле муҳим аст, зеро он ба ғайр аз рушди субъект, инчунин барои болоравии сатҳи зиндагӣ ва даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин соҳа ва соҳаҳои дигари хизматрасонии дахлдор мусоидат менамояд.

Дар китоб бартариятҳои сайёҳӣ барои рушди кишвар ва иқтисодиёт номбар шуда, болоравии даромади андоз ба буҷаи сатҳҳои гуногун, воридшавии асъори хориҷӣ ба мамлакат ва дар баробари ин таъмини рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нишон дода шудаанд. Инчунин барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ва рушди соҳа чандин пешниҳодҳо оварда шудаанд.

Китоб барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷолиби сайёҳӣ дар байни аҳолии англисзабон саҳм мегузорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво