Кормандони милитсияи «Бӯстон»-и ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур соҳиби бинои замонавӣ шуданд

Дар рӯзи таҷлили Иди касбии кормандони милитсия бинои замонавии шуъбачаи шаҳрии милитсияи «Бӯстон»-и Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бино вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси ноҳияи Шоҳмансур Сиёмардзода Сайдамир, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони ШВКД ноҳияи Шоҳмансур ва аҳли ҷамъиятии маҳали хизматрасонии шуъбача иштирок доштанд.
Бинои сеошёна бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории кормандон ва маҷлисгоҳ иборат аст. Қисми навбатдорӣ ва утоқҳои кории кормандон бо тамоми шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевон, таҷҳизоти компютерӣ, воситаҳои алоқа ва дигар техникаи зарурӣ таъмин буда, барои назорати ҳудуди берунии он камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд. Дар саҳни бино майдончаи варзишӣ, ҳаммом ва дигар иншооти маишӣ барои ҳайати шахсӣ бунёд гардидааст.
Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии шуъбачаро бо иди касбии Рӯзи таъсиси милитсия ва муҳайё гардидани шароитҳои мусоиди хизмат дар ин рӯзи рамзӣ табрик намуда, кормандони милитсияро ба хизмати софдилонаю поквиҷдонона ба халқу Ватан ҳидоят намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки: «зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамеша бо мардум наздик бошанд, тинҷиву оромӣ ва амнияти ҷомеа танҳо дар ҳамкориҳои зич бо аҳолӣ ба даст меояд».
Шуъбачаи шаҳрии милитсияи «Бӯстон»-и ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба беш аз 23000 нафар аҳолӣ хизмат расонида, дар сохтмони бинои он саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва аҳли ҷамъияти маҳал назаррас аст.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво