18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Майдончаи варзишӣ - тӯҳфаи Кумитаи меъморӣ ба сокинони пойтахт

872
Субҳи 2 июни соли 2018 аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон дар байни биноҳои 63 ва 63/1-и кӯчаи Лоҳутӣ, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ - тӯҳфаи Кумитаи меъморӣ ба сокинони пойтахт

Дар рӯзи кушодашавии майдончаи варзишӣ ва майдони бозии кӯдакон Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷумъазода Фаррух, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Самӣ Шариф, дигар масъулини сохторҳои дахлдори МИҲД ш. Душанбе ва муовинону роҳбарони раёсату хадамотҳои Кумитаи меъморӣ иштирок доштанд. Қайд гардид, ки ин иқдом дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ояндасози Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯи кор омадааст.

Майдончаи варзишӣ - тӯҳфаи Кумитаи меъморӣ ба сокинони пойтахт

Дар навбати худ истиқоматкунандагони ин маҳал ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои чунин иқдоми пешгирифта арзи сипос намуданд.

Кумитаи меъморӣ мутобиқи банди 15-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва тибқи лоиҳаи корӣ рангубори намои биноҳои 63 ва 63/1-и кӯчаи Лоҳутӣ, корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ, майдони бозии кӯдакон бо таҷҳизотҳои зарурӣ, инчунин корҳои ободонӣ, чароғонкунӣ ва кабудизоркунии назди биноҳои номбурдаро ба анҷом расонид.

Майдончаи варзишӣ - тӯҳфаи Кумитаи меъморӣ ба сокинони пойтахт

Гуфта мешавад, ки масоҳати умумии қитъаи замини барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон 2175 кв. м. буда, арзиши харҷномавии он 590 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ амалӣ шудааст.

Д.Нурзода, "РБ".




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво