29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз сокини 9-миллионаи Тоҷикистон ба дунё омад!

629
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, муқаррар карда шуд.

Субҳи 26 майи соли 2018 тифле, ки аҳолии мамлакатро ба 9 миллион расонид, муайян гардид.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари тифл сокини шаҳри Душанбе, истиқоматкунандаи кӯчаи Асадулло Ғуломов, М2, ҳуҷраи 14 Назира Муллоҷонова, соли таваллудаш 1990 мебошад.

Имрӯз сокини 9-миллионаи Тоҷикистон ба дунё омад!

Назирабону соҳиби 1 фарзанд буда, фарзанди дуюмаш аҳолии ҷумҳуриро ба 9 миллион расонид. Тифли навзод имрӯз соати 06-30 дақиқа дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.

Вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кӯдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рӯи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.

Назира Муллоҷонова мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, маълумоташ олӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд.

Назира Муллоҷонова баъди аз таваллудхона баромадан ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нави хеш гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси Раиси шаҳр манзили зисти тифли 9 миллиона бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин мегардад.

Аҳли хонавода ва падару модари Назирабону ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе миннатдории худро баён намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистонро ба муносибати ба 9 миллион нафар расидани аҳолии мамлакат табрик карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво