24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ баргузор гардид

627
Бо мақсади татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Вазорати корҳои хориҷии мамлакат бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомот и иҷроияи ҳокимияти давлатии кишвар 12 майи соли 2018 дар «Боғи Ирам»-и пойтахт «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ»-ро бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкории фарҳангӣ ва муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо мебошад.

Зимни фестивали мазкур сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии хешро ба намоиш гузоштанд. Ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии тоҷикиро бошад, намояндагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво