18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз Тоҷикистон бо Бозор Собир видоъ кард

714
Имрӯз Тоҷикистон бо шоири маъруф Бозор Собир, ки тавре қаблан иттилоъ дода будем, пас аз бемории тӯлонӣ 1 май дар ИМА аз дунё даргузашта буд, падруд гуфт.

Пас аз бистарӣ шудани шоир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш дода буданд, ки барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани шоир ҳаматарафа мусоидат намоянд ва дар акси ҳол ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан биёранд.

Субҳи имрӯз ҷасади Бозор Собир аз Америка ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади шоирро, ки онро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва ду писараш ҳамроҳӣ мекарданд, одамони зиёд, аз ҷумла шахсиятҳои расмӣ пешвоз гирифтанд.

Инчунин, анбӯҳи одамон барои видоъ бо шоир ба хонаи ӯ омада буданд. Соати 11:00 дар масҷиди марказии пойтахт маросими ҷанозаи шоир доир гардид.

Сипас ҷасади шоир ба оромгоҳи Лучоб интиқол дода шуда, дар паҳлӯи адибони маъруф ва ходимони илмию фарҳангии кишвар ба хок супорида шуд. Дар ин ҷо одамони бисёре барои видоъ бо шоир ҷамъ омада буданд. Аз ҷума, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигарон иштирок намуданд.

Мардум бори дигар муҳаббати хешро ба Шоири халқӣ, ки бо Ватани худ-Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор дошт ва онро бо сухани воло васф мекард, нишон дод. Пас аз дафн дар сари манзили охирати шоир Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода сурае қироат намуд. Дар санги мазор, ки рӯ ба рӯи қабрҳои Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ғаффор Мирзо ва дигарон қарор дорад, байти зерин хаккокӣ шудааст:

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Ин байтро Бозор Собир дар сӯги Устод Мирзо Турсунзода гуфта буд ва акнун онро ба худи ӯ комилан нисбат додан мумкин аст. Дар тасаллияти худ ба наздикону пайвандони шоир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки хотираи шоир дар қалбҳои мардум ҷовидонӣ хоҳад монд. Дар ин ҳеҷ шубҳае нест.

Мансур СУРУШ,




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво