25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Меъмории муосири тоҷик

3070
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешрафти рушду нумӯи худро ҷиҳати бунёди давлати навин интихоб намуда, роҳбарияти ҳукумати ҷумҳурӣ муносибати худро ба куллӣ ба мероси бойи таърихӣ тағйир дода, оид ба эҳёи анъана ва сунатҳои миллии ниёгонамон, ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангию меъморӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар рушди санъати меъморӣ, ки бо ғояҳои нави маънавии муосир асоснок шудааст ва тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ бо дарназардошти имконоти мавҷуда ба роҳ мондани робитаҳои васеи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дигаргуниҳои бузурги ҳавасмандии миқёсӣ амалӣ шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда роҷеъ ба ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуда, даҳҳо лоиҳаҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ амалӣ карда шуда истодаанд, ки корҳои анҷом дода шуда, ба рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ковишҳои мутахассисону олимон ва манбаъҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки таърихи рушди ҷамъияти инсоният дар ҳамаи давру замонҳои ташаккул дар ёдгориҳои меъморӣ инъикос меёбад ва ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, меъмор дар ҷомеа мавқеи махсус ва масъулияти баланд дорад, дар рушду нумуи иқтисодиёти кишвар нақши муҳимро мебозад.

Дар натиҷаи бо фармоишгарон ба роҳ мондани ҳамкориҳои нави иҷтимоӣ дар соҳаи меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ бо истифодаи маводу маснуоти масолеҳи анъанавӣ ва муосир ба пуррагӣ муносибати лоиҳакашон ва меъморонро дар самти фаъолияти хеш дигаргун намуда, ба онҳо фаъолияти озод барои амалӣ намудани фикру ақида ва ғояҳояшон шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам оварда шуда истодааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки қисми зиёди лоиҳакашону меъморони тоҷик роҳи худро ҷустуҷӯ намуда истодаанд, ки дар саҳми мазкур хатоиҳо ва мушкилотҳо низ ҳастанд, лекин бояд хотирнишон кард, ки таи солҳои истиқлолият дар ҷодаи ба даст овардани чеҳраҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд.

Алҳол лоиҳакашону меъморон вазифаи асосии худро дар ҷустуҷӯи воситаҳои нави бунёди симои иншооти муосир бо инъикоси анъанаҳои маънавии қадимаи миллӣ мешуморанд. Аз ин лиҳоз тибқи имконоту воситаҳои мавҷуда ва истифодаи маводу масолеҳи муосир, барои эҳёи анъанаҳои меросии меъмории миллӣ, таҷрибаи бойи меъморон, сохтмончиён, кандакорон, гаҷкорон ва наққошони тоҷик, ки омили асосӣ мебошанд, мувофиқи мақсад аст, ки бо дарназардошти он, ки 93 фоизи ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, инчунин шароити мураккаби геологӣ-кӯҳӣ, зилзилаҳои баланд ва хокҳои лағжанда қарор дорем фаъолияти эҷодии худро амалӣ намоянд.

Аз ин, лиҳоз ҷиҳати ободонии кишвар, сараввал корҳо аз барқарор намудани робитаҳои доимии дохили кишвар оғоз гардиданд, дар натиҷа тӯли солҳои истиқлолият дар сохтмон, азнавсозӣ, барқарор ва таҷдиди роҳҳои мошингард ва оҳан корҳои назаррас иҷро шуда, дар самти мазкур корҳо идома доранд, ки омили асосӣ барои интиқоли маводу масолеҳи сохтмонӣ ба иншооти бунёдшаванда буда, ба пешрафти соҳаи меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди биною иншооти гуногун ба афзоиши истеҳсолоту иқтисодиёт ва рушди шаҳрҳо мусоидат мекунанд.

Аз ин лиҳоз сараввал меъморон ва лоиҳакашон корро аз тасҳеҳ ва таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо омили асосӣ мебошад, оғоз намуданд, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло нақшаҳои генералии бештари шаҳру марказҳои ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Исфара, Конибодом таҳия ва тасҳеҳ гардидаанд, ки барои ба низоми муайян бунёд гардидани бинову иншооти хуштарҳу муосир бо истифодаи ҷузъҳои меъмории анъанавӣ ва муосир ва кӯчаву хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудаанд. Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд, азнавсозӣ, барқарорсозии иншооти таъиноти гуногун бо суръат ҷараён доранд, ки дар натиҷа симои меъмории деҳаю шаҳраку шаҳрҳо хеле зебо гардидаанд, аз ҷумла дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе тӯли солҳои истиқлолият бо лоиҳаҳои таҳия намудаи меъморон ва лоиҳакашони тоҷик иншооти боҳашамат, аз ҷумла “Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ”, “Китобхонаи миллӣ барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб, иншооти бошукӯҳ “Маркази фарҳангӣ фароғатӣ Сомониён (Тахти Наврӯз) дар хиёбони И.Сомонӣ” бо истифодаи анъанаҳои меъмории миллию муосир ва нақшу нигори хоса, дарвозаҳои даромадгоҳи боғҳои А.Рӯдакӣ” ва “Ирам” бо санъати волои меъмории анъанавӣ ва муосир, “Чойхонаи миллӣ дар боғи Ирам”, “Маркази савдои муосир Пойтахт-90 дар кӯчаи меҳнат”, биноҳои истиқоматии баландошёна бо истифодаи ҷузъҳои анъанавии меъмории шарқӣ ва ғарбӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа айни ҳол симои меъморию бадеии пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шудааст.

Инчунин тибқи лоиҳаҳои намунавии бо истифодаи ҷузъҳои меъмории анъанавӣ таҳия намудаи меъморони тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди ҳамагуна иншоот бо суръат ҷараён доранд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматии баландошёнаи 9,10,11,12,14, 16 ва 26 ошёна дар шаҳрҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хорӯғ, Турсунзода ва шаҳраки Ҳисор, ки симои меъморию бадеии шаҳру ноҳияҳоро рангинтар шудаанд.

Илова бар ин дар натиҷаи бунёд ва ба истифода супоридани нерӯгоҳи барқии обии бо барқ таъминкунии ҷумҳурӣ хеле беҳтар шудааст, ки ин омили муҳим низ ба рушди соҳаи шаҳрсозӣ, фаъолияти ташкилоту ширкатҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ маводу масолеҳи сохтмони мусоидат менамояд.

Дар даврони истиқлолият таваҷҷӯҳи хоса ба бунёд, азнавсозӣ ва таҷдиди иншооти варзишӣ зоҳир карда мешавад, аз ҷумла варзишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо бунёд гардида ва алҳол варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Ҳисор дар арафаи анҷомёбист ва сохтмони калонтарин варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат бо суръат ҷараён дорад, ки онҳо барои рушди минбаъдаи варзиш ва солимии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард, вале таъкид кардан ба маврид аст, ки оид ба таҳияи лоиҳаҳои хуштарҳу муосир лоиҳакашон ва меъморонро зарур аст, ки дар ин самт бозомӯзӣ намуда, дониш ва фаъолияти эҷодии худро баланд бардошта, бо дарназардошти истифодаи оқилонаи замин лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ таҳия намоянд.

Омили дигари мусоидаткунанда ба соҳаи шаҳрсозӣ ин рушди соҳаи маориф солҳои 2001-2014 дар ҷумҳурӣ анқариб 1600 мактабҳои таҳсилоти миёна ба талаботҳои муосир ҷавобгӯй сохта шудааст, ки ин омили муҳими беҳбудии сифати таълиму тарбия ва дониши талабагон мегардад. Инчунин сохта мавриди истифодабарӣ қарор додани бинои нави панҷошёнаи факултаи сохтмони Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Душанбе ба тарбияи кадрҳо ва пешрафти соҳаи сохтмон ва меъморӣ низ мусоидат намуда истодааст.

Доир ба барқарорсозӣ, таҷдид ва тармими ҳифзи мероси ниёгон корҳои зиёде идома ва ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент, маҷмааи қалъаи Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд қалъаи Муғдар шаҳри Истаравшан, мамнунгоҳи таърихию фарҳангии Хулбук дар ноҳияи Восеъ, ёдгории буддоии аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш барқарорсозӣ, таҷдид ва тармим карда шудаанд.

Омили дигари рушди соҳаи шаҳрсозӣ ин эҳёи анъанаҳои миллӣ мебошад, ки дар самт низ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, тибқи лоиҳаҳои таҳия намудаи меъморону лоиҳакашони тоҷик, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин чойхонаи миллӣ ва инчунин чойхонаҳои миллӣ бо гаҷкорӣ, кандакории дару сутунҳо ва ороиши рангоранги сақфи биноҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, ва марказҳои ноҳияҳои Ашт, Бохтар, Б.Ғафуров, Балҷувон, Данғара, Мастчоҳ, Шаҳристан, Шаҳринав, Фархор, Файзобод, шаҳракҳои Ғарму Комсомолобод ва дигар шаҳру ноҳия сохта ва мавриди истифода қарор доранд, инчунин дар аксари шаҳру ноҳияҳо масҷидҳо бо истифодаи маводҳои сохтмонии анъанавӣ ва муосир бунёд ва азнавсозӣ гардиданд,ки бунёди иншооти зикргардида мактаби омӯзиши эҳёи анъанаҳои миллии кандакорӣ ва гаҷкорӣ буда, симои бадеӣ ва меъмории шаҳру ноҳияҳо рангинтар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки омили асосии пешрафти меъморӣ ва шаҳрсозӣ рушди бунёди (базаи) истеҳсоли маводу масолеҳи сохтмонӣ, ки асоси соҳаи сохтмон ба ҳисоб меравад мебошад, ки тули солҳои истиқлолият бештар аз 100 (сад) корхонаҳои истеҳсоли хишт, асфалт, рег, қуму шағал, аз ҷумла, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли хишт “Корвони аср” бо иқтидори 320 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз, корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори 1 (як) миллион тонна семент дар як сол, дар ноҳияи Б.Ғафуров корхонаи коркарди шағал ва асфалтобетон бо иқтидори 320 ҳазор тонна дар як соат ва дигар корхонаҳо омили асосии рушду нумуи бунёди (базаи) соҳаи сохтмонӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки роҷеъ ба эҳёи анъанаҳои қадимаи шаҳрдории шарқӣ дар даромадгоҳҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дарвозаҳои рамзӣ сохта шудаанд, вале баъзеи онҳо ба талаботи шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии муосир пурра ҷавобгуй нестанд ва ин самт лоиҳакашон ва меъморонро зарур аст, ки минбаъд лоиҳаҳои хуштарҳу таваҷҷуҳангез таҳия намуда ба фармоишгарон пешниҳод намоянд.

Доир ба сохтмон ва барқарорсозии иншооти фарҳанги корҳои муайян иҷро гардиданд, аз ҷумла тибқи лоиҳаҳои таҳиянамудаи меъморон ва лоиҳакашони тоҷик қасрҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Данғара, Дарвоз, Ҷаббор Расулов ва амфитеатр дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров бунёд шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва азнавсозӣ иншооти фарҳангӣ идома доранд, лекин на ҳамаи иншоот бо истифодаи пурраи анъанаҳо ва ҷузъҳои меъмории миллӣ сохта шудаанд ва ин самт меъморон ва лоиҳакашони тоҷикро зарур аст, ки бозомӯзӣ намуда, малакаи касбии худро баланд бардошта, лоиҳаҳои хуштарҳу зебо таҳия намоянд.

Бунёдкориҳо, созандагиҳо ва ободониҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият шуда, дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ шудаанд ба пешрафт, рушди босуботи иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, маънавиёт ва эҳёи фарҳанги меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрдории кишвар мусоидат намуда истодаанд.

Дар хотима бояд ёдовар шуд, ки манбаъҳои хатӣ, таҷрибаи бойи ниёгони мо ва панду ҳикматҳои шаҳсиятҳои ирфонӣ шаҳодат медиҳанд, ки меъёрии асосии баҳодиҳии фаъолияти эҷодии меъмор ва маҳорати касбии он, ин таҳияи лоиҳа, сохта ва мавриди истифода қарор додани иншоот ҳисобида мешавад, аз ин лиҳоз алҳол мувофиқи мақсад аст, ки меъморон ва лоиҳакашон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои хуштарҳи иншоот бо дарназардошти таҷрибаи бойу ғании фарҳанги сохтмонии ниёгон ва дастовардҳои муосир ба роҳ монда, лоиҳаҳои хуштарҳу муосири инфиродӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна, иншооти маъмурӣ ва фарҳангӣ таҳия намуда, бунёди онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

С. Юсуфҷонов
Узви вобастаи академияи меъмории
кишварҳои Шарқ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво