Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Файзобод
1218
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба 21- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мачлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамъияти ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия ҳозиринро бо ин санаи тақдирсоз табрик намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии сарқонуни кишвар сухан гуфт. Ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Сарқонуни ҷумҳурӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва собиқадорону фаъолон маърӯза карданд.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии идона хотири аҳли нишастро шод гардонданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни 21 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрию маҷлисҳои тантанавӣ доир шуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |