22 август 2018, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба кори худ оғоз кард

64
Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба кори худ оғоз кард. Беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин чорабинӣ иштирок доранд.
Дар оғози Конфронс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сипас муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер суханронӣ мекунанд.
Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Казоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Венгрия, Швейтсария, Ҳиндустон, Арманистон, Россия, Чин, ИМА, Испания, Германия, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британия Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Либия ва дигар кишварҳо иштирок доранд. Дар кори конфронс, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои тадқиқотӣ ва ғайра низ ҳузур доранд.
Ҳадафи конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти ҷорӣ дар ростои амалисозии чораҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳамкориҳо дар самти муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво