24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба намоиш ифтитоҳ гардид

699
Имрӯз, 3 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёриёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Марям Абдуллоева, Сайид Баротов, Солӣ Одилов ва мактубҳои Машраб Ахмедов, Абдусаттор Қодиров, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Лавозимоти ҷангӣ, аз қабили сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Итиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ Қодиров, обдон ва қутбнамои иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, кулоҳи чармии М. Додоҷонов, ки дар намоиш гузошта шудаанд, солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд. Пешниҳод шудани ордену медалҳо дар намоиш аз далерию матонати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматҳои фаромӯшнашавандаи заҳматкашони ақибгоҳ шаҳодат медиҳад ва боздиди ин маводҳо ба тамошобин эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебахшад.

Ҳамзамон аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардиданд. Офаридаҳои рассомон А. Қосимов «Гусел», И. Рахнаев «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», Ю. Сангов «Вохӯрии ғолибон», Ф. Салманов «Душман нигоҳ дошта шуд», А. Камелин «Помир дар солҳои ҷанг», А. Белецкий «Симои София Ниёзова», М. Зубреева «Ҷамъоварии туҳфаҳо ба Армияи Сурх 1944», Н. Никитин «Дуои модар» инъикосгари ин саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошанд. Инчунин аксҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯйчӣ Эрҷигитов, Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов, Имоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Урунбек Яъқубов ва лавҳаҳои гуногун марбут ба замони ҶБВ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 20 май идома меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво