28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

7 ноябр - Рӯзи театри тоҷик

1246
Ҳамасола дар Тоҷикистон 7-уми ноябр ҳамчун Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки ҳунармандони тамоми театрҳои касбию халқӣ ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории чорабинии фарҳангӣ зикр гардид, ки театри тоҷик дар тӯли таърихи фаъолияти худ марҳилаҳои гуногунро пушти сар карда, бо инъикоси мавзуъҳои муҳими рӯз тавассути намоишномаҳои гуногунмазмун ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти мардум саҳми босазо гузоштааст.
Дар зарфи 86-соли фаъолияти театр драматургон, коргардонҳо ва ҳунармандон барои рушди ин шохаи фарҳанг талош намуда, намоишномаҳои зиёдеро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ақсои олам пешниҳоди тамошобинони нуктасанҷ гардонида, сазовори истиқболи гарму самимӣ гардиданд. Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ, ки ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик сурат гирифт, саҳнаҳои хурди театрии ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво