19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ кушода шуд

757
 Дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ кушода шудБо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ ташкил гардид. Аз ин хатсайр, ки дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, фарогири сайёҳати табобатию солимгардонӣ ва истироҳатии ноҳияи мазкур мебошад, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ дидан намуданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, инчунин маркази табобатию солимгардонӣ, ки бо ташаббуси табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ дар мавзеи Путхини ноҳияи Айнӣ бунёд ёфтааст, ба хатсайри нави сайёҳӣ шомил гардида, минбаъд ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хизматрасонии онро ба сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, пешниҳод месозанд.

Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Айнӣ дорои табиати нотакрор буда, барои рушди туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва туризми экологӣ мувофиқ мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ зиёд буда, маъмултарини онҳо манораи Варзи Манор ва кӯли «Искандаркӯл» мебошанд, ки миёни сайёҳони хориҷӣ шуҳратманданд.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин аз хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво