20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар майдони «800-солагии Москва» барномаи идона бахшида ба Рӯзи пойтахт доир шуд

791
Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт чорабиниҳои рангини фарҳангию фароғатӣ, варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва нишасту ҷамъомадҳо баргузор мегарданд. Бахшида ба ин рӯз дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғати чорабиниҳои идона гузашта истодаанд.
Дар майдони «800-солагии Москва» барномаи идона бахшида ба Рӯзи пойтахт доир шуд
Имрӯз чунин чорабинии фараҳбахш дар майдони «800-солагии Москва»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ ширкат намуданд.

Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Бунафша Шарипова таассуроташро аз рафти чорабинии мазкур чунин баён намуд: «Ман аз он мефахрам, ки сокини пойтахт ҳастам. Хурсандиовар он аст, ки дар даҳ соли охир пойтахти мо ба таври боварнокарданӣ дигаргун гашта, хеле зебову бошукӯҳ шудааст. Ва рӯз то рӯз шоҳиди тағйироти симои пойтахт, бунёди биноҳо ва гулгашту хиёбонҳои нав мегардем, ки ин боиси хушнудии мост. Маҷмааҳои фарҳангию фароғатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёна бунёд шудаанд, ки аз ин мо хеле шодем. Аз дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдорем, ки барои сокинони кишвар чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд».

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи пойтахт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар чор ноҳияи шаҳр, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе бо баргузории базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ таҷлил мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво