20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат таъсис дода мешавад

660
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру илова ворид намуданд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат таъсис дода шуда, солона ба он дар ҳаҷми 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо карда мешавад. Маблағгузорӣ ба Фонди Пешвои миллат баъди қатъи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод тавзеҳ дод. Зикр шуд, ки масъалаи таъсиси Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар моддаи 12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки соли 2016 аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул шуд, пешбинӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад.

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво