29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Зебу зиннати зани тоҷик либоси тоҷикии ӯст!

1082
Зебу зиннати зани тоҷик либоси тоҷикии ӯст!
Рӯзи 18 апрели соли равон дар Кумитаи сохтмон ва меъморӣ бо мақсади тақвият додани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бо ин васила тарғиби сару либоси миллӣ ва роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону духтарон семинар баргузор шуд.
Дар кори семинар Давлатзода Зулфия Давлат муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода шаҳноз Ибодулло муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва дигар намояндагони раёсату ташкилотҳои дастгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” бо тағйиру иловаҳо аз нав қабул гардид ва дар боби IV, моддаи 14 омадааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, рукнҳои фарҳанги миллӣ – забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд” – ёдрас намуд Давлатзода З.Д. зимни баромади худ ва илова намуд, ки имрӯз мутаасифона занону духтарони мо ба бегонапарастӣ рӯ оварда истодаанд. Зебу зиннати зани тоҷик, рӯймоли тоҷикии сари ӯ ва либоси тоҷикии ӯст ва ҳеҷ кас ҳам ӯро манъ карда наметавонад, вале дар байни ҷавондухтарони мо тарзҳои гуногуни руймолбандие мӯд шудааст, ки ба фарҳанги мо бегонаанд. Пас зарур аст, ки мо аз ҳар чизе барои худ бегона дурӣ намоем. Аз ин рӯ, бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳову арзишҳои миллӣ ва пешгирии тақлидкории занон ҷиҳати пӯшидани сару либоси ғайри фарҳанги миллати тоҷик Вазорати фарҳанг ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориш “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба тавсиб расонид.Зебу зиннати зани тоҷик либоси тоҷикии ӯст!
Бино ба гуфтаи намояндаи Кумита кор бо занон дар ин дастурамал ҳама гуна либосҳои тавсиявӣ барои тамоми табақаи занону духтарон ва кормандони идораву ташкилотҳои давлатӣ нишон дода шудааст.
“Имрӯз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқие қабул шудаанд, ки барои фаъолияти бемайлони занон мусоидат мекунанд. Пас мо низ бояд арҷгузори расму русум ва анъанаҳои ниёгони худ бошем ва расми хуби тоҷиконро гум накунем.” – ҷамъбаст намуд Зулфия Давлатзода.

Дар идомаи семинар Саодат Холова аз номи Кумита баромад намуда, зикр намуд, ки мо фарҳанги қадимаи маданияти либоспушӣ дорем, ки дар тӯли таърих новобаста ба таъсирҳои бегона тарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл гузаштааст. Дар замони муосир, ки табиати ҷаҳонишавиро ба худ касб кардааст, имконоти таъсирҳои фарҳангҳои бегона ба фарҳанги мо бештар аст.Зебу зиннати зани тоҷик либоси тоҷикии ӯст!
“Либос зеби одам аст ва фарҳанги хос дорад. Либосҳои сиёҳу дарози шаклан шарқию мазмунан аврупоӣ хоси мо нест. Ҳамчунин либосҳои аврупоии доманкӯтоҳи ҳиссиёташон баланд, шимҳои танг низ зеби бонувони мо намешаванд” – хотиррасон кард Саодат.
Ӯ дар охир қайд намуд, ки либос муаррифгари ҳар давлат аст, пас интихоби дурусти либос, ба мавриду мавқеъ пӯшидани он аз худшиносиву худогоҳӣ, ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ дарак медиҳад. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати ин фарҳанг, тарғиби арзишҳои миллӣ ва бақои суннатҳои миллиамонро таъмин намоем.
Хабарнигори “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво