20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иштирокдорони лоиҳаи «Рушди туризм дар Осиёи Марказӣ»

551
16 апрел ҷаласаи навбатии иштирокдорони лоиҳаи «Рушди туризм дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба кори худ оғоз намуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат Амирбекзода Ҳабибулло иштирок ва доир ба имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа муовинони вазирони туризми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои мазкур иштирок доранд. Ҷаласаи навбатии иштирокдорони лоиҳаи «Рушди туризм дар Осиёи Марказӣ» то 18 апрел идома хоҳад кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво