29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар пойтахт Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода шуд

990
   Дар пойтахт Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода шудДар корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Сохтмони манзили дастрас», ки дар пойтахт фаъолият менамояд, Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори марбута ба имзо расонд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ҳадафи таъсиси Шӯрои нозирон ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, саривақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар КВД «Сохтмони манзили дастрас» бо инобати истифодаи усулҳои идоракунии корпоративии корхонаҳои давлатӣ мебошад.

Дар асоси қарори мазкур низомнома, раис ва ҳайати Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» тасдиқ гардида, директори КВД «Сохтмони манзили дастрас» муваззаф шудааст, ки дар зарфи 10 рӯз корҳои заруриро барои доир намудани ҷаласаи нахустини Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» ба анҷом расонад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони соҳавии Раиси шаҳри Душанбе вогузор шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво