22 август 2018, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Озмун барои офаридани муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе

71
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирони бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек – Нуриддин Абударҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ дар боғи ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» озмуни кушод гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси қарори мазкур Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муввазаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморон ва рассомони Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин меъморон, рассомон ва ҳайкалтарошони ватанию хориҷӣ тадбирҳо андешад. Озмуни кушод аз 16 апрел то 15 июни соли равон гузаронида шуда, дар он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ имкони иштирок карданро доранд. Озмун 20 июни соли ҷорӣ ҷамъбаст карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки қарори мазкур бо мақсади иҷрои банди 3 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли 2018 ба тасвиб расидааст.

Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе боғи «50 –солагии ҷавонон», ки дар кӯчаи Беҳзод воқеъ аст, ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» гузошта шуд. Ин иқдом рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек маънидод мегардад.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво