20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимовро бо медали ҷангӣ қадрдонӣ намуд

634
Раиси Кумитаи тафтишотии Россия зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимовро бо медали ҷангӣ қадрдонӣ намудРаиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрикин 31 март зимни боздид аз Кемерово зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов ва якчанд нафар қаҳрамонони дигари фоҷиаи маркази савдои «Зимняя вишняя»–ро қадрдонӣ намуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи тафтишотии Россия хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, А. Бастрикин дар Кемерово бо Фарзон Салимов, Александр Калачёв, Кристина Никитина ва Дмитрий Полухин, ки дар вазъияти фавқулода худро гум накарданд ва ҳаёташонро зери хатар гузошта, қаҳрамонии воқеӣ нишон доданд, алоҳида мулоқот намудааст.

«Корманди мағозаи пойафзолфурӯшӣ Фарзон Салимов ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба наҷот додани одамон аз бинои оташгирифта кумак расонд»,- гуфта мешавад дар хабарномаи Кумитаи тафтишотии Россия.

А. Бастрикин зимни супоридани мукофотҳо ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки «ин медалҳо – медалҳои ҷангӣ мебошанд ва шахсоне бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд, ки шуҷоати воқеӣ нишон додаанд».

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия ҳамчунин зикр намуд, ки дар мулоқот бо пайвандону наздикони қурбониён ваъда додааст, ки барои пайдо намудани ҳақиқату адолат ва ҷазо додани гунаҳкорон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Фарзон Салимов зодаи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буда, кайҳо боз дар Кемерово кору зиндагӣ мекунад. Ӯ соли 2003 баъди хатми мактаб ба Россия рафтааст. Фарзон шаҳрванди Россия буда, ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Кемерово зиндагӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Кемерово 64 нафар, аз ҷумла, 41 кӯдак қурбони сӯхтор гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво