28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Конститутсия - бахтномаи миллат»: мулоқот бо соҳибкорони Чкалов

1566
Тарғиботчиёни маҳаллии шаҳри Чкалов бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия - бахтномаи миллат» бо соҳибкорони бозори марказии шаҳр «Помир - Суғд», кормандони ҶДММ «Элегант» ва аҳли ҷамоати шаҳраки Палос мулоқот намуданд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқот кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуда, перомуни Қонуни асосии кишвар, таърихи ин санади муқаддас, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Сарқонун ибрози назар карданд.

Ҳамчунин дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат қабул гардидани қонунҳои дорои хусусияти миллӣ, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро саривақтӣ шуморида, зикр карданд, ки маҳз заминаи таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ буд, ки дар сатҳи Сарқонуни мамлакат инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво