20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СУННАТҲОИ НАРӮЗ

633
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Сангвор корҳои ободонию созандагӣ, насби шиору овезаҳо, хурраму зебо гардонидани кӯчаву маҳалҳои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда шудаанд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ байни мактаббачагону сокинони ноҳия озмунҳо ҷараён мегиранд. Зеро Наврӯз яке аз арзишҳои неки миллӣ, моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ мебошад.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия, дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ машғуланд.

То имрӯз дар шоҳроҳи Лабиҷар-Сангвор ва маркази ноҳия 120 адад шиору овезаҳо, сипарҳои таблиғотӣ ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардида, зиёда аз 5000 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонда шуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, рушди бемайлони варзиш дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёд кардани боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳатию фароғатӣ, майдону толорҳои варзишӣ ва иҷрои корҳои дигари ободонӣ идома доранд.

Соли равон дар маркази панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво