29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

САҲИФАИ ЗАРРИН ДАР КИТОБИ ТАЪРИХ: ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об оғоз гардид

600
Имрӯз, 22 март дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи фаромӯшнопазир мебошад ва он дар китоби таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню—Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка, дар Рӯзи ҷаҳонии об чорабинии махсуси сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор мегардад. Бояд зикр намуд, ки Даҳсолаи мазкур бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории 177 мамлакати узви СММ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур бо даъвати Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки шахсони воломақом дар қароргоҳи СММ баргузор мегардад, ки дар доираи он иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ин иқдоми глобалӣ, Раиси Маҷмаа ва Дабири кулли СММ дар назар дошта шудааст.

Пеш аз он, ки дар бораи дастрасии аҳолии сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самт сухан кунем, месазад оид ба ҳадафҳои Даҳсолаи мазкур каме маълумот диҳем. Дар робита ба ин мавзӯъ муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об Султон РАҲИМЗОДА чанде қабл дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт:

«Тавре маълум аст, Даҳсола як заминаи мусоидеро барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об фароҳам меорад. Вобаста ба ин, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки 14 март бо интишори санади ниҳоии худ таҳти унвони «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзнома барои амал барои об» фаъолияташро анҷом дод, истифода кардани Даҳсоларо ҳамчун платформаи асосӣ барои муколамаҳои сиёсӣ, мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавсия дод. Яъне маҳз яке аз имкониятҳое, ки Даҳсола фароҳам меоварад, ин муҳайё намудани платформаи нав барои муколамаҳои сиёсӣ мебошад».

Ба андешаи Султон Раҳимзода имконияти дигар, тавре ки дар Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-228 омадааст, ин рушди шарокат ва ҳамкорӣ мебошад, ки аз муҳимтарин омили ҳалли масъалаҳои марбут ба об, хусусан дар сатҳи фаромарзӣ ба ҳисоб меравад.

«Даҳсола инчунин аз кишварҳои узв даъват менамояд, ки маблағгузориро аз буҷаҳои давлатӣ зиёд намуда, барои ҷалби сармояи бештар ҷиҳати татбиқи барномаву лоиҳаҳои нав дар соҳаи об, инчунин гузаштан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об талошҳоро дучанд намоянд. Вобаста ба ин аз давлатҳои чаҳон даъват карда мешавад, ки кумакҳои молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққикарда дар ин Даҳсола зиёдтар карда шаванд. Албатта, истифодаи ин имкониятҳо барои мамлакатҳое, ки мушкилоти зиёди марбут ба об доранд, дар ҳалли ин мушкилот саҳми назаррас хоҳад дошт»,- илова намуд номбурда.

Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст-ин дастрасӣ надоштан ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Дар ин робита метавон аз он ёдовар шуд, ки чанд рӯз қабл, 14 март дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвори «Ду миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд» мавод нашр шуд.

Дар маводи мазкур, ки дар рубрикаи «Тағйирёбии иқлим» нашр шуд, гуфта мешавад: «Соли 2030 700 миллион одамон аз норасоии оби ошимиданӣ гуреза мешаванд. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода бурда шавад. Ҳамин тавр, яке аз хулосаҳои ҳисоботии нави СММ «Биёед ҳар як қатраи обро эҳтиёт кунем: рӯзнома дар самти захираҳои обӣ» мебошад».

«Ҳисоботи мазкур аз ҷониби гурӯҳ, ки ба он 11 сарвари давлат ва мушовирони махсус, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шомил буданд, омода карда шуда, 14 март ба Котиби Генералии СММ Антониу Гуттериш супорида шуд»,- хабар дод манбаъ.

«Лидерони ҷаҳонӣ эътироф карданд, ки мо норасоиҳо дар самти захираҳои обро эҳсос намудем. Имрӯз ба мо зарур аст наздикшавии худро ба он, ки чӣ гуна мо обро эҳтиёт кунем ва бо захираҳои он рӯ оварем, бозбинӣ намоем»,-гуфтааст Антониу Гуттериш дар нишасти матбуотӣ, ки бахшида ба рӯнамоии ҳисоботи болозикр баргузор гардид.

Дар хусуси он, ки норасоии оби тозаи ошомиданӣ бештар дар кадом мамлакатҳо ба назар мерасад, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед ДАВЛАТОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд: «Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ҳатто давлатҳои пешрафтаи Аврупо. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ Сахараро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин ҷо тақрибан 340 млн. нафар ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд».

Ба гуфтаи номбурда, ҳавзаҳои рӯдҳои фаромарзӣ 45 дарсади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. «Дар ин ҳавзаҳо 145 мамлакати дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зичу бисёрҷониба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва дар ин замина, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад. Дар ин самт бахши таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва санитарӣ яке аз бахшҳои муҳимтарин ба шумор рафта, рушди он барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад, зеро бо ин мақсад истифода намудани захираҳои обӣ солимии ҷомеаро таъмин намуда, заминаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад»,- илова намуд Умед Давлатов.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар ин самт аз мадди назари инсоният дур нест-ин дар ҷойи истиқоматӣ дастрасӣ надоштани аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Дар ин бора низ дар сомонаи расмии СММ дар маводе, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии захираҳои вобаста ба об нашр шуд, чунин гуфта шудааст: «Об манбаи ҳаёт аст. Он барои шикастани ташнагӣ ва кумак расонидан ба нигоҳдории саломатӣ лозим аст. Инчунин захираҳои обӣ дар самти ба кор таъмин намудан ва дар навбати худ дастгирии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ нақши муҳим мебозанд».

«Имрӯз зиёда аз 663 миллион нафар одамон дар назди ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Барои он ки ба об дастрасӣ пайдо кунанд, онҳо маҷбуранд вақти зиёд сарф намуда, ба навбат истанд ва ё масофаи дуру дарозро пиёда тай намоянд»,-гуфта шудааст дар идомаи матлаб.

Дар ин самт дар баробари дигар тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас ба анҷом расонид, ки метавон барои тасдиқи ин гуфтаҳо нуктае аз Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамалакатро ёдовар шуд:

«Дар давоми 26 сол дар мамлакат барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки беруна амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад».

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» мавриди амал қарор дорад, ки мақсади асосии он таъмин намудани аҳолии мамлакат бо оби нӯшокӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур лоиҳаҳои зиёде бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд амалӣ карда мешаванд. Бо назардошти он, ки муҳлати анҷоми барномаи мазкур пеш омада истодааст, аллакай корҳоро ҷиҳати таҳлили пурраи раванди иҷрои он оғоз гардида, масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи чунин як барномаи нав то соли 2030 иқдом гирифтаанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки ин ташаббуси чоруми башардӯстона ва мубрами Сарвари давлати мо мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардид. Пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти дастрасии ҳамагон ба оби тоза ва расидан ба яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи шашум) ба таври зайл мебошанд, ки аксарияти онҳо дар амал татбиқ гардида, ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи худ расиданд:

cоли 2003 – «Соли оби тоза»;
солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»;
соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»;
солҳои 2018-2028- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қатъномаи СММ, ки моҳи июли соли 2010 қабул гардидааст, ҳар як инсон барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад, ки дар як шабонарӯз аз 50 то 100 литр об дастрасӣ намояд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво