28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Франсия

776
15 марти соли 2018 бо ташаббуси сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади муҳташам доир гардид.
Таҷлили   ҷашни Наврӯзи Аҷам  дар Франсия
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Франсия ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Даъватшудагон бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз шинос шуда, бо расму русуми наврӯзӣ дар бораи таҷлили Наврӯз дар ҳар яке аз ин кишварҳо шинос шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо ашёи хоси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводи шиносоӣ ва таблиғотии чопиро оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво