29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОХТМОНЧИЁНИ НБО-И «РОҒУН» МУЖДАИ НАВРӮЗӢ БУРД

665
ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОХТМОНЧИЁНИ НБО-И «РОҒУН» МУЖДАИ НАВРӮЗӢ БУРДДирӯз таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гурӯҳи таблиғотӣ бо шумули роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоирон, нависандагон, рассомон, ходимони театр ва кино, рӯзноманигорон, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту суҳбат бо сохтмончиёни НБО-и «Роғун» аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Роғун рафтанд.

Дар шаҳри Роғун ҳайати таблиғотӣ ба се гурӯҳ ҷудо шуда, бо сохтмончиёну муҳандисон, кормандони техникӣ, ронандагон, нақбканон дар майдонҳои сохтмонӣ суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар баробари ин, аъзои гурӯҳ бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, толори мошинҳо, озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ, инчунин ҳолати нақбҳо ва дигар иншооти техникӣ-муҳандисӣ аз наздик шинос шуданд. Тавре муҳандисону сарварони қитъаҳои корӣ иттилоъ доданд, корҳо дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» бо сифати баланд ва тибқи реҷаи тасдиқшуда идома доранд.

Шоирон зимни суҳбат бо сохтмончиён дар мавзӯъҳои ифтихор аз Ватану ватандорӣ, васфи баҳори наву Наврӯзи ҷаҳонӣ, инчунин қаҳрамониҳои коргарону сохтмончиёни неругоҳи «Роғун» шеъру ғазалҳо қироат карданд.

Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо суруду навои фараҳбахшу дилнишин ба фазои сохтмонӣ рӯҳияи идонаи наврӯзӣ бахшиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво