16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

766
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир РасулзодаИмрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз рушду густариши ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, таҳкими дӯстии давлатҳо ва мардумони тоҷику ӯзбек изҳори хушнудӣ карда, тақвияти муносибатҳои дуҷонибаро дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин тадбирҳо дар фароҳам сохтани шароити аз имрӯза ҳам хубтару беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон заминаи устувор хоҳад гузошт.

Ҷонибҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои судманд ва пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо зарур шумориданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво