25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХУШХАБАР! Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристӣ дар Берлин минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон ворид гардид!

714
ХУШХАБАР! Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристӣ дар Берлин минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон ворид гардид!7 март дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин -2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хабар доданд.
ХУШХАБАР! Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристӣ дар Берлин минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон ворид гардид!
Ҷоизаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ ба намояндаи Ассотсиатсияи экологию фарҳангии туризми ВМКБ Ситора Саодатқадамова супорида шуд. Тавре дар Сафорати ҶТ дар ҶФГ гуфтанд, «эътироф гардидани минтақаҳои кишвари биҳиштосои мо аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун беҳтарин маконҳои саёҳатӣ дар ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландии миллату давлатамон мебошад. Ҳамзамон чунин ҷоизаҳо ва эътирофҳо барои ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон мусоидат хоҳад кард».

Хотиррасон менамоем, ки дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин-2018 дар баробари гӯшаи расмии Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шариконашон аз кишварҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» гӯшаҳои муштарак созмон дода, хатсайрҳои саёҳати минтақавиро ташвиқу тарғиб менамоянд. Бо назардошти таъриху фарҳанги кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ, ки умумиятҳо ва пайвандиҳои зиёд доранд, чунин тадбир имкони ҳарчӣ бештари ҷалби сайёҳони хориҷиро ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ба вуҷуд меорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво