20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СОХТМОНИ ЭСТАКАДА: Дар ноҳияи Сино ҳаракати нақлиёт бо роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд

704
Дирӯз дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино, дар буриши хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, А.Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковскийи ноҳияи Сино (сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов) бо назардошти шурӯъ гардидани корҳои сохтмони чорсӯи нақлиётии сесатҳа ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда шуд.

Тавре сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Суҳроб Қурбонзода хабар дод, бо назардошти шурӯъ гардидани корҳои сохтмони чорсӯи нақлиётии сесатҳа ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда шуда, ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат, аз ҷумла, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, Низомии Ганҷавӣ, кӯчаи Карамов, Шамсӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки чанде қабл дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он МДК «Душанбенақлиётхизматрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монанд.

Тибқи ин қарор аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки якҷо бо Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ва шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими ҳаракати мунтазами онҳо роҳҳои ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ба низоми муайян дароранд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво