19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РУШДИ СОХТМОН АЗ ОСОИШИ КИШВАР (Гузориш аз семинар-машварати корӣ дар вилояти Суғд)

817
22-феврал бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бо ширкати меъморон, лоиҳакашон, ширкатҳои сохтмонӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд, сарпарастони бахши сохтмон зери унвони «Риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ» семинар-машварат доир гашт.РУШДИ СОХТМОН АЗ ОСОИШИ КИШВАР  (Гузориш аз семинар-машварати корӣ дар вилояти Суғд)
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтитоҳи кори семинар-машварат аз ҳадафҳои асосии баргузории чорабинии мазкур ҳарф зада, таъкид бар он дошт, ки бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ рушд ёфта, сол ба сол шаҳру деҳотамон ободу зебо мегардад ва иншооти гуногуни аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ чи аз лиҳози намуду ороиши миллӣ қомат рост карда, ҳар фарди тоҷикистонӣ аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиклолӣ шукргузорӣ мекунад ва ба фардои мусаффои диёр эътимодӣ қавӣ дорад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сиёсати меъмориву шаҳрсозӣ ва дар ин замина боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон ҳиссаи арзандаи худро мегузорад. Ҳамин аст, ки дастовардҳои Кумита дар соли сипаришудаи 2017 хеле назаррас арзёбӣ мешавад. Ободии шаҳру навоҳии мо: кӯчаю хиёбонҳои васеъ, зебову замонавии онҳо, иншооти гуногуни даврони муосир қабл аз ҳама аз таҳияи мукаммали нақшаи генералӣ иртибот мегирад. Ва имрӯз дар мамлакат ҳамаи шароитҳо муҳайё гаштаанд, ки биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат рост кунанд.
-Мусаллам аст, ки чун сухан аз рушди меъморӣ ва сохтмон меравад, мо аз дастгирии Пешвои миллат ёдовар мешавем, зеро маҳз ғамхории пайвастаи Президенти мамлакат аст, ки соҳаи сохтмон дар даврони соҳибистиқлолӣ вусъати тоза пайдо кардааст ва масъулияти басо ҷиддиро дар самти шаҳрсозиву меъморӣ ба дӯш мегирем,- иброз дошт Ҷамшед Аҳмадзода - Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар.Дар баробари муваффақияту пешравии соҳа, комёбии мутахассисон ҷиҳати адои рисолати хеш аз нуқсонҳои зиёди фаъолияти меъмориву шаҳрсозӣ: дӯкону мағоза, марказҳои савдо, хонаҳои истиқоматӣ, бозорҳои хусусии бе нақшаву асноди лоиҳакашӣ, зиёда аз ин, орӣ аз ҳама гуна нишонаҳои санъати меъморӣ дар вилояти Суғд бунёд шуда, ки симои шаҳру шаҳрак, марказҳои ҷамоатро коста мегардонанд, ёдовар шуд. Фаъолияти сармеъморони шаҳру навоҳии вилоят дар самти таҳияи лоиҳаҳо бо такя ба анъанаҳои қадимии ниёгон, нақшу нигори миллӣ назаррасу муассир ба назар намерасанд. Сармеъморон мутаассиф, аз рисолати аслии худ дур рафта, ба корҳои дуюмдарҷа машғуланду бас, ба он ӯҳдадориву вазифаҳое, ки тибқи низомнома муайян гаштааст, машғул нестанд. Аз ҳолати воқеии корҳои меъмориву шаҳрсозии маҳал бархӯрдор намебошанд. Ноогоҳ будан аз санадҳои меъёрӣ ва қонунҳои ҷории мамлакат аст, ки дар бунёди иншоот хилофи қонун амал карданҳо бисёр ба назар мерасанд.
- Омили дигаре, ки моро дар бунёди иншоотҳо дар махалҳо сахт ба ташвиш овардааст, ин сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар қитъаҳои замини назди корхонаву муассисаҳост,- иброз дошт Ҷамшед Аҳмадзода,- зеро ҳам аз лиҳози шаҳрсозӣ ва ҳам аз лиҳози экологӣ комилан қобили қабул нест. Истифодаи масолеҳи сохтмонии камсифат низ дар ҷараёни кори бинокорон боиси таассуфу ташвиш шудааст. Бояд дар сохтмон он масолеҳи бинокорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта бошад, дорои сертификати сифат аст. Аксарияти лоиҳаҳои таҳияшуда талаботи рӯзафзуни даврро ҷавобгӯй намебошанд. Дар фаъолияти сармеъморон, лоиҳакашон ташаббусу навгониҳо кам ба мушоҳида мерасанд.
РУШДИ СОХТМОН АЗ ОСОИШИ КИШВАР  (Гузориш аз семинар-машварати корӣ дар вилояти Суғд)
Як самти дигар, ки сарвари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи иштирокдорони семинар-машваратро ҷалб кард, ки ин тайёр кардани мутахассисони ҷавони боистеъдод мебошад. Изҳори нигаронӣ шуд, ки дар ин самти муҳим низ дар шаҳру навоҳии вилоят кӯшиши самаровар ба харҷ дода намешаванд.
Дар ҷараёни кори семинар-машварат ҳамчунин сардори Раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Файзулло Искандаров назди ширкаткунандагони сухан карда, зикр дошт, ки дар соли сипаришудаи 2017 мутахассисони Раёсати шаҳрсозии Кумита ва Хадамоти назорати давлатии сохтмонӣ дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Гулистон, навоҳии Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров санҷиш гузарониданд. Дар рафти боздид аз иншооти бунёшаванда камбудиҳо оид ба риоя нашудани талаботи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ муайян карда шуданд. Дар шаҳри Истаравшан мутаассифона, он камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳанӯз соли 2016 ошкоргашта дар бунёди иншооти гуногун то ба имрӯз ислоҳи худро наёфтаанд. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар наздкии хонаҳои истиқоматӣ, бе иҷоазату рияои қоидаҳои муайяншуда сохта шудаанд. Биноҳои якошёна ва дигар дӯкону мағозаҳо дар кӯчаҳои марказӣ бунёд ёфтаанд. Нисбати тамбашавии нақлиёти назди бозор низ то имрӯз чораҳои мушаххас дида нашудаанд. Дар кӯчаҳои марказии шаҳри Панҷакент ҳам нуктаҳои савдо ва хизматрасонӣ бидуни иҷозатдиҳӣ ва риояи талаботи сохтмон сохта шудаанд.
Сохтмони бинои маркази ҷавонон низ дар кӯчаи Рӯдакӣ бе иҷозатнома бунёд мешавад. Дар маркази ноҳияи Айнӣ низ айнан чунин риоя накардани қоидаҳои шаҳрсозӣ ба қайд гирифта шуда, нуқтаҳои зиёди савдо сохтаанд, ки ҳусни маркази ноҳияро хеле коста гардонида, ҳаракати мӯъадили пиёдагардҳоро халалдор кардааст. Дар ин ноҳия низ камбудиҳои қаблӣ ислоҳи худро наёфтаанд. Иншооти нотамоми қад-қади роҳи Душанбе-Чанак, ки аз ҳудуди ноҳияи мазкур мегузарад, намуди мавзеро хеле коста мегардонад. Дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара ба номи Ҷомӣ низ тамбашавии нақлиёт ба чашм расад ҳам, бе иҷозат ин ҷо иншооти хизматрасонӣ сохта шудаанд, ки хилофи Қонуни ҷорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ мебошанд. Санҷиш аз шаҳри Конибодом ошкор кард, ки дар Боғи марказии фарҳангӣ 42 нуқта ва дӯконҳои савдо мавҷуданд, ки тибқи қонуни авфи амвол қонунӣ шудаанд. Чандин иншоот бе қарори дахлдор бунёд мешавад. Дар шаҳри Гулистон низ сохтмони маркази савдо бо дигар иншооти мавҷуда ҳамоҳангӣ наёфтаанд.
Сардори Раёсати Кумита камбудиҳои дигар шаҳру навоҳиро ошкор ва ислоҳи онҳоро тақозо карда, дар масъалаи танзими шаҳрсозӣ мушоҳидаҳои худро баён кард.
Ҳамчунин дар кори семинар-машварат Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ иштирок ва сухан кард.
Ҷовиди Аштӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво